• Home »
  • ХАБАР »
  • Иқдоми саховатмандонаи милитсияи пойтахт бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба
Иқдоми саховатмандонаи милитсияи пойтахт бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба

Иқдоми саховатмандонаи милитсияи пойтахт бахшида ба таҷлили Иди Ғалаба

  Дасти кӯмак дароз намудан ба собиқадорони ҷангу меҳнат, нафарони барҷомондаву оилаҳои камбизоат ва кӯдакистону мактаб-интернатҳои махсус амали хайрест, ки пайваста Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагонро ба иҷрои ин кори хайр талқин мекунанд.
  Аз ин лиҳоз кормандони мақомоти милитсияи пойтахт дар рӯзҳои иду ҷашнҳои умумимиллӣ пиронсолону барҷомондагонро аёдат намуда, бо дасти кӯмак дароз намудан ба нафарони муҳтоҷу бенавоён ва аз вазъи саломатӣ, шароити зист ва сатҳи рӯзгори пиронсолон махсусан иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат дидан намуда, бо кӯмакҳои худ табъи онҳоро шод менамоянд.


  Имрӯз (08. 05. 2018) дар доираи таҷлили 73-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба дидорбинии як қатор иштирокчиёни ин ҷанг рафта, ба онҳо кӯмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған ва дигар анвои хӯрока расониданд.

  Дар ин замина кормандони милитсияи пойтахт ба аёдати собиқадори милитсия ва ҳамзамон иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ Қадимов Давлатшоҳ рафта, ӯро ба 73-юмин солгарди «Ғалаба» табрик ва ба номбурда аз номи роҳбарияти давлату ҳукумат ва макомоти корҳои дохилӣ кӯмакҳои моддӣ расониданд.
  Зимни мулоқот иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз рӯзҳои сахту мудҳиши айёми ҷанг ёдоварӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки имрӯз бо сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фазои сулҳу осоиштагӣ ҳукмфармост. Ҳар як шаҳрвандро мебояд, ки ба қадру қиммати ин неъмати бебаҳо расида, ҳамеша баҳри пойдории он кӯшиш ба харҷ диҳад.
  Қадимов Давлатшоҳ, ки собиқаи кории тулонӣ дар мақомоти корҳои дохилӣ дорад, аз ин иқдоми роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе изҳори хушнудӣ намуд.

  Кормандони милитсияи пойтахт ҳамчунин ба аёдати дигар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ – Сангов Раҷаби 90 сола рафта, аз ҳолу аҳволи ӯ низ дадан намуда, кӯмакҳои хешро расониданд.
  Ҳамчунин дар доираи ин иқдоми хайр кормандони милитсияи пойтахт ба Муаассисаи давлатии «Хонаи кӯдакони №1»-и махсусгардонидашудаи шаҳри Душанбе рафта, дар баробари шиносоӣ бо шароитҳои зисту зиндагонии кӯдакон, ҳамзамон ба онҳо як қатор тӯҳфаҳо расонида шуд.


  Дар идомаи ин тадбири хайр кормандони милитсия инчунин ба Муассисаи давлатии таҳсилоти ибтидоии шабонарӯзии махсус барои кӯдакони нобино ва сустбин воқеъ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе рафта, ба онҳо низ кӯмакҳои ғизоӣ расонида шуд. Дар ин муассиса 111-нафар ба таълиму тарбия фаро гирифта шуда, 35-нафар омӯзгорону мураббиён пайи таълими онҳо шабонарӯзӣ фаъолият доранд.


  Хонандагони ин муассиа новобаста аз оҷиз яъне нобинову сустбин будан, бо илму лониш ва ҳунармандии худ шоёни таҳсин мебошанд. Барномаи театрикунонидашудае, ки аз ҷониби хонандагон дар мавриди хатар ва оқибатҳои ҷанг пешниҳод гардид, далели гуфтаҳои болост.


 

  Муҳассилин ва тартиятгирандагону собиқадорони ҷангу меҳнат, аз дастгирию ғамхориҳои ҳамешагии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорию хушнудӣ намуданд.
  Мавриди зикр аст, ки анҷом додани чунин амали хайр бори аввал набуда, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста аз ҳоли собиқадорони ҷангу меҳнат ва нафарони мӯҳтоҷу бенаво бохабар гардида, дар доираи имкониятҳои худ дар рӯзҳои иду ҷашнҳои миллӣ кӯмаки моддии хешро ба онҳо мерасонад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin