• Home »
  • ХАБАР »
  • Вохӯрии кормандони милитсия дар тамоми Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт
Вохӯрии кормандони милитсия дар тамоми Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт

Вохӯрии кормандони милитсия дар тамоми Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт

  Баҳри пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ, авбошиҳои гурӯҳӣ миёни ҷавонону ноболиғон алалхусус хонандагони муассиаҳои таълимӣ, ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти №63 аз 30 январи соли 2018 “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” бо дастуру супоришҳои роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дарсҳои тарбиявию силсилавохӯриҳоро дар тамоми муассисаҳои таълимии ҳудуди пойтахт ташкил ва баргузор намудаистодаанд.


  Мавриди зикр аст, ки ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб рафта, имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти фаъолият таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд. Зеро маҳз дар ҳамбастагӣ метавон ҳамагуна амалу кирдори зиддиҳуқуқиро дар ҷомеа пешгирӣ намуд.


  Ин аст, ки кормандони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе тибқи дастуру супоришҳои роҳбарият бо тартиби нақша-чорабиниҳо, баргузории мулоқоту вохӯриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеаро ба роҳ мондаанд. Чунин мулоқот ва суҳбатҳои озоду ошкорои кормандони мақомоти милитсия имконият медиҳад, то ки иштирокдорон аз вазъияти криминогении минтақа хабардор гардида, дар пешгирӣ ва рафъи падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.


  Имрӯз (03. 05. 2018) дар доираи дастуру супориш ва қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар басти дувуми дарсии ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе дарсҳои тарбиявӣ, мулоқоту суҳбатҳои ошкоро ташкил карда шуда, филми мустанад дар самти ҷинояту ҷинояткории ҷавонону ноболиғон намоиш дода шуд. Дар соати тарбиявӣ тамоми кормандони милитсияи пойтахт, ки бо фармоиши махсуси сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23.02.2018 ба Муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии пойтахт вобаста гардида буданд, иштирок намуданд.
  Аз ҷумла дар МТМУ № 101-и ноҳияи Сино сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе, полковники милитсия Иброҳимов Баширхон ва дигар кормандони милитсия, ки дар ин муассиса вобаста гардида буданд, иштирок ва суханронӣ намуданд.


  Номбурда зимни баромади худ доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, иброз дошт, ки мутаасифона ҳодисаю воқеаҳои солҳои охир, алалхусус муноқишаҳои гурӯҳӣ дар миёни мактаббачагон, содиршавии ҷиноят ва амалу кирдорҳои номатлуб аз тарафи онҳо аз он шаҳодат медиҳанд, ки сатҳи таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ беҳбудии ҷиддиро талаб намуда, ҳамзамон волидайн ва нафарони дар таълиму тарбияи фарзанд муваззафбударо мебояд, ҷиҳати ояндаи фарзандони худ бетараф набошанд. Зеро авбошиҳои гурӯҳии вақтҳои охир содиршуда, аз он далолат мекунад, ки беҳудагардию шабгардии ҷавонон волидайни онҳоро ба ташвиш наоварда, фарзандони онҳо ба ҳар гуна амалу кирдорҳои зиддиҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнок даст мезананд, ки ҷои нигаронист.
 

  Дар ин росто муаасисаҳои таълимӣ, волидайн, аҳли ҷомеа ва тамоми шаҳрвандонро мебояд, нисбати ояндаи ҷавонону ноболиғон, ки қишри ояндасози миллату давлат ба шумор мераванд, бетараф набуда, баҳри яндаи дурахшони онҳо тамоми кӯшишҳоро ба харҷ диҳанд.
  Бояд гуфт, ки ташкилу баргузории вохӯриҳои мазкур ташаббус ва иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқваронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷӯён, сарзадани ҷиноят махсусан авбошиҳои гурӯҳӣ ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ мебошад.

Шукуров Сироҷиддин, лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin