• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ
Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ

Бо роҳи зӯроварӣ тасарруф намудани телефони мобилӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ зани 19-солаи сокини кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми апрели соли 2018, ҳангоми дар кӯчаи Н.Қарабоев қарор доштанаш, шахси номаълум бо роҳи зӯроварӣ аз дасташ 1-адад телефони мобилии тамғаи “Самсунг Ҷ-5”, ки арзишаш 1100-сомониро ташкил медиҳад, тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 39-солаи сокини кӯчаи Деҳотӣ, ки пеш бо моддаи 248 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо гумони ғоратгарӣ дастгир карда шуд. 
  Ин ҳодиса мавриди тафтиш қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin