Қаллобон дастгир шуданд

Қаллобон дастгир шуданд

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ марди 34-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намудааст, ки рӯзи 15-уми апрели соли 2018, марди 28-солаи сокини ҷамоати деҳоти Лоҳур, ки дар бозори фурӯши воситаҳои нақлиёт ба хариду фурӯши воситаи нақлиёт машғул буд, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, 3-адад автомашинаи тамғаи “Опел-Астра”-ро гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Зарари расонидашуда 116000-сомониро ташкил медиҳад.
  Айни замон шахси гумонбар дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, тафтишот идома дорад.

 Ҳамчунин зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ҷавони 22-солаи сокини пойтахт ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти қаллобӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда моҳи феврали соли 2018, бо роҳи фиреб ба боварии марди 39-солаи сокини кӯчаи Н.Убайдуллоеви пойтахт даромада, аз ӯ маҳсулоти хӯроквории равғанро ба маблағи 35000-сомонӣ гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Нисбат ба ин қазия парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, корҳои тафтишотӣ давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin