Тиллодуздон баъди 3-сол дастгир гардиданд

Тиллодуздон баъди 3-сол дастгир гардиданд

  Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ се нафар ҷовонон, сокинони ноҳияи Ҳамадониро бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир намуданд.
   Муайян карда шуд, ки гумонбарон санаи 27-уми декабри соли 2015, бо роҳи пинҳонӣ вориди манзили истиқоматии марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе кучаи Неъмат Қарабоев гардида, аз он ҷо як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ, аз ҷумла: 5-адад ангуштарини занона бо арзиши умумии 1400 доллари ИМА, 3-адад ангуштарини нуқрагини занона бо арзиши 150-доллари ИМА, 5-адад гушвори тиллоӣ бо арзиши 500 доллари ИМА, 1-адад дастмонаи занона бо арзиши 200 доллари ИМА ва як миқдор ҷавоҳироти дигарро тасарруф намудаанд. Гумонбарон бо содир намудани ин кирдори ҷиноятӣ ба ҷабрдида ба маблағи умумии 3370-доллари амрикоӣ зарар расонидаанд.
  Айни замон нисбати гумонбарон бо моддаи 244 (Дуздӣ) Кодекси ҷинотии Ҷумҳурии Тоҷикистон паврандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin