Семинар-машварат: «Нозири минтақавӣ – симои милитсия»

Семинар-машварат: «Нозири минтақавӣ – симои милитсия»

  Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тавсеи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» таҳти №1291 аз 30 июни соли 2012 як қатор нақша-чорабиниҳоро амалӣ намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардидаанд. Метавон гуфт, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи роҳбарияти давлату ҳукумат сол то сол шароити хизматии на танҳо нозирони минтақавии милатсия, балки тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ беҳтар гардидааст.


  Вобаста ба баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тарбияи ҳуқуқии кадрҳои ҷавон, семинар – машварати омӯзишӣ дар мавзуи «Нозири минтақавӣ симои милитсия» баргузор ва ҳамзамон аз фаъолияти  нозирони минтақавии милитсияи ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар давоми 3-моҳаи соли 2018 натиҷагирӣ карда шуд.

  Нахуст Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон семинар-машварати омӯзиширо ифтитоҳ бахшида, ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30.01.2018 сол “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” ва натиҷаи фаъолияти нозирони минтақавии милитсия дар таҳкими сулҳу суботи ҷомеа суханронӣ намуд. Ҳамзамон аз фаъолияти 3-моҳаи нозирони минтақавии милитсия натиҷагирӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки нозири минтақавиро мебояд ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон пайваста дар омӯзиш бошанд. Маҳз он нозири минтақавие метавонад тартиботи ҷамъиятиро дар минтақаи хизматияш таъмин намояд, ки дар баробари донишу малакаи баланди хизматӣ доштан, ҳамзамон ҳамкории густардаеро бо аҳолӣ ба роҳ монад.


  Ҳамчунин дар идомаи баргузории семинар-машварати мазкур муовини аввали сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ таъкид намуд, ки масъулияти нозири минтақавӣ танҳо ба баррасии арзу шикояти шаҳрвандон маҳдуд набуда, тамоми амалу рафторе, ки қонунгузорӣ онро ҳуқуқвайронкунӣ ё ҷиноят эътироф кардааст агар дар минтақаи маъмурӣ мушоҳида шавад, нозир ҳуқуқ дорад аз шаҳрвандон риояи онро талаб намуда, барои пешгирӣ ва рафъи он қарори қонунӣ қабул кунад.


  Ҳотам Дадабойзода дар идомаи суханрониаш таъкид намуд, ки имрӯз дар баробари пешравию тараққиёти илму техника нозирони минтақавии милитсияро низ мебояд ҳамқадами замона буда, пайваста аз паи омӯзиш ва такмили донишу малаки хизматӣ бошанд. Зеро ягон бахши дигари мақомоти корҳои дохилӣ ба монанди нозирони минтақавӣ дорои ӯҳдадориҳои васеи вазифавӣ набуда, нозири минтақавӣ дар ҳудуди минтақаи маъмурии хизматӣ бояд тамоми самтҳои кориро вобаста ба таъмини қонуният, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, пешгирию мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, таъмини ошкорсозии ҷиноятҳои содиршуда, баррасии арзу шикоят, муноқишаҳои хонаводагӣ, бақайдгирӣ ва назорати оилаҳои носолим, ашхоси доғи судӣ дошта, нашъаманду майзада, ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии шаҳрвандон, муҳофизати моликияти давлатию ҷамъиятӣ ва даҳҳо дигар ӯҳдадориро бояд иҷро намояд.


  Дар идомаи семинар-машварати омӯзишӣ муовинони сардори Шуъбаҳои корҳои дохилӣ оид ба самти хизмат суханронӣ намуда, аз рафти иҷроиши дастуру супоришҳо ва вазъи оперативӣ-хизматии минтақаҳои мамурии худ ҳисобот доданд.
  Дар ҷараёни семинар-машварати омӯзишӣ ҳамзамон таъкид карда шуд, ки барои нозирони минтақавӣ донистани як қатор санадҳои меъёриву ҳуқуқие, ки фаъолияти нозирони минтақавии милитсияро ба танзим медарорад, аз қабили Қонуни ҶТ “Дар бораи иштироки шаҳрвандон дар таъмини тартиботи ҷамъиятӣ”, Фармони Президенти ҶТ «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани нақши нозирони минтақавии милитсия дар ҷомеа ва тавсеи ҳамкории онҳо бо аҳолӣ» Фармони ВКД ҶТ “Дар бораи такмили фаъолияти нозирони минтақавии милитсия” зарур мебошанд. Дар баробари донистани мазмуну муҳтавои ин санадҳои ҳуқуқии раҳнамунсоз ба нозири минтақавӣ муҳим аст, ки баҳри иҷрои бо сифати уҳдадориҳо ва пешбурди фаъолияти хизматӣ, Қонуну дастурамалҳои соҳавиро низ хуб донад.


  Бо баргузории чунин як семинар–машварати омӯзишӣ нозирони минтақавии милитсия ба даҳҳо саволҳои худ ҷавоб ёфта, ҳамчунин камбудиҳои зимни баррасии арзу шикояти шаҳрвандон ба вуҷуд омадаро мавриди баррасӣ қарор доданд.
  Дар фарҷоми чорабинии мазкур таъкид гардид, ки чун нозири минтақавӣ яке аз бахшҳои муҳимми мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, дар баробари ғамхориҳои пайвастаи Роҳбарияти давлату хукумат ва мақомоти корҳои дохилӣ баҳри таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандон ва пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ беш аз пеш фаъолияти худро дучанд менамоянд.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin