• Home »
  • ХАБАР »
  • Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба зани 29-сола
Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба зани 29-сола

Расонидани зарари вазнини ҷисмонӣ ба зани 29-сола

  Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия марди 30-солаи сокини шаҳри Душанбе бо гумони қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир карда шуд.
  Номбурда, рӯзи 19-уми апрели соли 2018, тахминан соати 00:00-дақиқа, зани 29-солаи сокини кӯчаи Н.Махсуми пойтахтро бо олоти буррандаву халанда як маротиба ба шикамаш зада, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Ҷабрдида, ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст.
  Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin