Пахши пиёдагардон дар кӯчаи Айнии пойтахт

Пахши пиёдагардон дар кӯчаи Айнии пойтахт

   26-уми апрели соли 2018, тахминан соати 12:30-дақиқа, ронандаи автомашинаи тамғаи “Лексус-570”, Назимов Ҷамшед Нарзуллоевич, соли таваллудаш 1971, сокини кӯчаи Сари Осиёи ноҳияи Шоҳмансур, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Д.Халқҳо ба самти кӯчаи Қаротегин, дар кӯчаи Айнии пойтахт аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон: Ашурбекова Оиша Манзаршоевна, соли таваллудаш 1969, зодаи ноҳияи Роштқалъа, муваққатан сокини ш.Душанбе ва Ашурбекова Саодатбахш Манзаршоевна, соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Душанберо пахш намудааст.
  Дар натиҷа пиёдагардони мазкур ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардида, сипас Ашурбекова О.М. ба ҳалокат расидааст.
  Ин ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin