• Home »
  • ХАБАР »
  • Ошкорсозии 6 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 620 000 сомонӣ
Ошкорсозии 6 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 620 000 сомонӣ

Ошкорсозии 6 ҳолати ҷинояти дуздӣ бо зарари 620 000 сомонӣ

  Кормандони мақомоти милитсия дар натиҷаи гузаронидани маҷмӯи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ду нафар шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонмарди 25-солаи сокини ноҳияи Шаҳринав ва ҷавонписари 29-солаи сокини шаҳри Турсунзодаро дастгир намуданд, ки дар содир намудани силсиладуздиҳо дар ҳаҷми махсусан калон гумонбар дониста мешаванд.
  Чунончӣ гумонбарон санаи 12-уми ноябри соли 2017 ба манзили истиқоматии сокини 39-солаи шаҳри Душанбе ғайриқонунӣ ворид гардида, аз он ҷо маблағи пулии 12 600 сомонӣ пули нақд ва ҷавоҳироти тиллоӣ, ки дар маҷмӯъ 369 600 сомониро ташкил медиҳанд, тасарруф намуда аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
  Ҳамчунин дастгиршудагон кирдорҳои ҷиноятии худро идома дода, аз манзили истиқоматии сокини дигари шаҳри Душанбе як сандуқи оҳанин ки дар дохилаш як миқдор ҷавоҳироти тиллоӣ, ки зиёда аз 15 000 доллари амрикоро ташкил медод бо роҳи тасарруф аз они худ кардаанд.
  Мавриди зикр аст, ки ин гуруҳи ҷиноятӣ дар содир намудани 6-ҳолати ҷинояти дуздӣ гумонбар дониста шуда, ба шаҳрвандон зиёда аз 620 000 сомонӣ зарар расонидаанд.
  Айни замон нисбати гумонбарон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244-Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, онҳо дар ҳабси пешакӣ қарор доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin