• Home »
  • Баромадҳо »
  • Нигаронӣ аз тамоюли зиёдшавии ҷиноят миёни донишҷӯён ва баррасии роҳҳои пешгирии он
Нигаронӣ аз тамоюли зиёдшавии ҷиноят миёни донишҷӯён ва баррасии роҳҳои пешгирии он

Нигаронӣ аз тамоюли зиёдшавии ҷиноят миёни донишҷӯён ва баррасии роҳҳои пешгирии он

  Баҳри таъмини иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумуҳрии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирӣ аз омилҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон ва пос доштани арзишҳои милливу фарҳангӣ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ” силсилавохӯриҳоро дар донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди шаҳри Душанбе доир намуда истодааст.


  Аз ҷумла, санаи 4-уми апрели соли равон вохӯрии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон бо доираи васеи устодону донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон баргузор гардид.

  Нахуст чорабинии мазкурро ректори Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Фақеров Ҳамидулло Нуриддинович оғоз бахшида, таъкид намуд, ки баргузории чунин вохӯриву суҳбатҳои озоди мақомоти корҳои дохилӣ бо устодону донишҷӯён баҳри таҳкими сулҳу субот ва тарғиби осоиштаҳолӣ бисёр муҳим буда, баҳри пешгирии амалу кирдорҳои номатлуб дар ҷомеа заминаи мусоид фароҳам мегузорад.


  Баъдан сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе таҳти№ 63 аз 30.01.2018 сол “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе”, иҷроиши қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ ”, “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила”, ва ҳамзамон даҳҳо масъалаҳои изтиробангезе, ки имрӯзҳо дар ҷомеа во мехуранд бо овардани далелҳои дақиқ бо намоиши слайдҳо суханронӣ намуд.


  Дар идомаи чорабинӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт иброз дошт, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон ҳамчун маркази калонтарини таълимӣ ва илмӣ-таҷрибавии мамлакат, муассисаи асосии таҳсилоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба тайёр кардани мутахассисони баланд ихтисоси соҳаҳои тиҷорат, молия ва иқтисод, менеҷмент ва маркетинг, андоз ва гумрук, иқтисодиёти ҷаҳонӣ ва муносибатҳои байналмиллалӣ, ҳуқуқшиносӣ, ҷомеашиносӣ, забономӯзӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеаи имрӯза саҳми арзанда дорад.
  Номбурда дар баромади хеш қайд намуд, ки айни ҳол 75 нафар хатмкардагони ин боргоҳи илмтанҳо дар вазифаҳои пурмасъули роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе кору фаъолият менамоянд.


  Зимнан сардори мақомоти милитсияи пойтахт бо таассуф зикр намуд, ки имрӯз новобаста аз дастовардҳо ва саъю кӯшишу талошҳои доимии мардуми меҳнатқарини Ватани маҳбубамон баҳри зиндагии ободу осоишта, заҳматҳои шабонарӯзии ҳайати шахсии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ ҷиҳати таъмини волоияти қонун, тартибот ва амнияти ҷамъиятӣ, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, далелҳои изтиробангези қонуншиканиву ҷинояткорӣ, шомилшавӣ ба иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, ҳизбу ҳаракат ва равияҳои динӣ – экстремистӣ ҷой доранд, ки обрӯю эътибори мардуми ба ору номуси тоҷикро коста мегардонад.
  Номбурда зимни суханронии худ зикр намуд, ки ҷиноятсодиркунии донишҷӯён тамоюли зиёдшавӣ дошта, танҳо дар давраи 3 моҳи соли ҷорӣ дар 7 ҳолат донишҷӯёни муассисаҳои олии шаҳри Душанбе даст ба ҷинояткорӣ задаанд. Аз ҷумла зикр намуд, ки давоми соли 2017 ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ 4 нафар донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даст ба ҷиноят задаанд, ки обрӯ ва эътибори ин муассисаи олии кишварро коста мегардонад.


  Содиршавии ҷиноят аз ҷониби ин қишри ҷомеа, ки мебояд бо донишу заковат ва амалу кирдори худ дар пешравию шукуфоии ҷомеа саҳмгузор бошанд, вале баръакс баъзе аз донишҷӯён талаботи қонунҳои амалкунандаро нодида гирифта, даст ба кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ мезананд, ки ҷои нигаронист. Махсусан зикр гардид, ки содиршавии муноқиша ва авбошиҳои гуруҳӣ, ки дар заминаи бадбиниву бузургманишии баъзе аз нафарони дур аз маърифат содир шуда, оқибати он ба бардоштани ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ оварда мерасонад, ҷавобгарии сангинеро дар назди қонун дар пай дорад.
  Ҳамчунин Шариф Назарзода аз дастовардҳои илмии замони муосир ҳарф зада, иброз дошт, ки илму дониш бо суръати кайҳонӣ пеш рафта истодааст ва аз ҳар як нафар донишҷӯён тақозо карда мешавад, ки вақти пурқиммати худро сарфи амалу кирдорҳои ғайриқонуниву бе суд накарда, кӯшиш ба харҷ диҳанд то ба илму дониш ва маърифати худ номбардори падару модар ва сарзамини хеш бошанд.


  Пас аз фарҷоми суханронӣ сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистонро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич доранд дар вазъияти тантанавӣ қадршиносӣ намуд. Аз ҷумла ба онҳо Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.
  Ҳамзамон ректори Донишгоҳи мазкур Ҳамидулло Фақеров барои баргузории чунин як вохӯрии судманд ба мақомоти милитсия пойтахт изҳори минатдорӣ намуд. Аз ҷумла номбурда қайд намуд, ки Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон доимо омода аст, дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ, ҷиҳати тарғиби тарзи ҳаёти солим, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар манотиқи осебпазир бо шаҳрвандон суҳбату вохӯриҳо доир намоянд.


  Дар ҷараёни вохӯрии мазкур ҳамчунин як қатор донишҷӯёни фаъоли донишгоҳи мазкур суханронӣ намуда, ба роҳбари мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе як қатор пешниҳоду саволҳо дода, ба он ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Изҳори боварӣ карда шуд, ки танҳо дар ҳамкории мутақобилан судманд бо мақомоти корҳои дохилӣ метавон пеши роҳи ҳамагуна амалу кирдорҳои зидди ҷамъиятиву ба ҷомеа хавфнокро гирифта шавад.

Сироҷиддин Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin