• Home »
  • ХАБАР »
  • Милитсия беҳудагардии ноболиғонро пешгирӣ менамояд
Милитсия беҳудагардии ноболиғонро пешгирӣ менамояд

Милитсия беҳудагардии ноболиғонро пешгирӣ менамояд

  Мувофиқи Нақша-чорабиниҳои пешгирикунандаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 6-уми июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳои мақсаднок доир мекунанд.
  Аз ҷумла шабонарӯзи гузашта ҷиҳати иҷроиши қарори мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рейду санҷишҳо доир ба пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
  Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 34-нафар аз ҷумла: 12-нафар ноболиғон ва 22-нафар ҷавонон ба Шуъбаҳои милитсия дастрас гардидаанд.
Қобили зикр аст, ки аз шумори дастрасшудагон аз ҷумла: 19-нафар барои оворагардӣ, 9-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои компютерӣ, 2-нафар барои талбандагӣ инчунин 4-нафар барои шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда мебошанд.
  Албатта тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳаргуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.
  Аз ин лиҳоз кормандони милитсияи пойтахт пайваста кӯшиш ба харҷ медиҳанд, бо бурдани рейду санҷиш ва баргузории суҳбату вохуриҳои профилактикӣ пеши роҳи содиршавии ҷиноят дар байни ноболиғону ҷавонон гирифта шавад.
  Зимни баргузории ин санҷишҳои мақсаднок нисбати 9-нафар волидайни он ноболиғоне, ки нисбати таълиму тарбия ва назорати фарзандони худ беаҳамиятӣ ва ҷиҳати иҷроиши талаботҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» хунукназарӣ намудаанд, тибқи талаботи моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст.
  Бори дигар таъкид кардан ба мавридаст, ки волидайн ва он нафароне, ки масъулияти таълиму тарбияи ҷавонону ноболиғон ба дӯши онӽост, ҳамагуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорати қатъӣ қарор дода, нагузоранд ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад, зеро маҳз ҷавони бо илму маърифат ба камолрасида метавонад номбардори падару модар ва сарзамини хеш бошад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin