• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо роҳи фиреб азхуд намудани воситаҳои нақлиёт
Бо роҳи фиреб азхуд намудани воситаҳои нақлиёт

Бо роҳи фиреб азхуд намудани воситаҳои нақлиёт

  Ба мақомоти корҳои дохилӣ бо ариза марди 32-солаи сокини кӯчаи Рӯдакии шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи июни соли 2017 дар кӯчаи Ҷ.Расулови пойтахт марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “Мазда”-ро ба маблағи 5000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Номбурда, ҳамин тариқ моҳи майи соли 2017 ба боварии марди 32-солаи сокини шаҳри Душанбе даромада, аз ӯ автомашинаи тамғаи “БМВ Х-5”-ро ба маблағи 13000-доллари амрикоӣ нархгузорӣ карда гирифта, то ҳол маблағашро барнагардонидааст.
  Марди гумонбар дар содир намудани ҷиноятҳои қаллобӣ аз ҷониби кормандони милитсия дастгир гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin