• Home »
  • ХАБАР »
  • Барқдӯздӣ: аз ҳисоби ҳамсоя истифода бурдани қувваи барқ
Барқдӯздӣ: аз ҳисоби ҳамсоя истифода бурдани қувваи барқ

Барқдӯздӣ: аз ҳисоби ҳамсоя истифода бурдани қувваи барқ

  Ба кормандони мақомти милитсияи пойтахт як нафар марди 31-солаи сокини шаҳри Душанбе кӯчаи М. Мастонгулов бо аризаи шикоятӣ дар он хусус муроҷиат намудааст, ки нисбати ҳамсояаш чораҳои қонунӣ андешида шавад, чунки номбурда аз соли 2015 инҷониб ноқилҳои барқи манзили истиқоматияшро бо тариқи пинҳонӣ ба ноқилҳои барқи хонаи ӯ пайваст намуда, бо ин роҳ ба ҷабрдида зарари калон ворид намудааст.
  Кормандони милитсия зимни баррасии муроҷиати номбурда ва пешбурди корҳои оперативӣ–тафтишотӣ ҷавони 23-сола, ҳамсояи ҷабрдидаро дастгир намуданд. Муайян карда шуд, ки гумонбаршаванда воқеан аз соли 2015 то ҳол аз қувваи барқи ҳамсоя истифода бурда, дар умум бо ин кирдораш ба ҷабрдида ба маблағи 7084-сомонӣ зарар расонидааст.
  Айни замон оид ба ҳолати мазкур тибқи талаботи моддаи 253 (Расонидани зарари молу мулкӣ бо роҳи фиреб ё сӯйистифодаи боварӣ) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin