• Home »
  • ХАБАР »
  • Баргузории соати тарбиявӣ бо иштироки кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт
Баргузории соати тарбиявӣ бо иштироки кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт

Баргузории соати тарбиявӣ бо иштироки кормандони милитсия дар тамоми муассисаҳои таълимии пойтахт

  Ҳамкории мутақобилан судманди милитсия бо ҷомеа яке аз самтҳои аввалиндараҷаи фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ ба ҳисоб меравад, ки имрӯзҳо роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самти фаъолият таваҷҷӯҳи махсус зоҳир менамоянд.
     Баргузории мулоқоту вохуриҳои кормандони милитсия бо аҳли ҷомеа, хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ ва дигар табақаҳои гуногуни ҷомеа имконият медиҳад, то ки иштирокдорон аз вазъияти криминогении минтақа хабардор гардида, дар пешгирӣ ва рафъи падидаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ саҳмгузор бошанд.


    Субҳи имрӯз (26.04.2018) дар доираи дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва ҷиҳати татбиқи Қарори Раиси шаҳр аз 1 феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” дар басти аввали дарсии ҳамаи 123 муассисаҳои таҳсилоти миёни умумии шаҳри Душанбе (ба ғайр аз мактабҳое, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ пешбинӣ шудаанд) дарсҳои тарбиявӣ ташкил карда шуд. Дар соати тарбиявӣ тамоми кормандони милитсияи пойтахт, ки бо фармони махсуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе таҳти №51 аз 23.02.2018 вобаста гардида буданд, иштирок намуданд.


    Дар дарсҳои соати тарбиявӣ ҳамчунин омӯзгорону роҳбарони муассисаҳои таълимӣ иштирок намуданд. Зимни суханронӣ кормандони милитсия доир ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниву ҷинояткорӣ ва муноқишаву авбошиҳои гурӯҳӣ байни муассисаҳои таълимӣ ҳарф зада, ба хонандагон филми мустанаде, ки доир ба ҷиноятсодиркунии баъзе аз хонандагону донишҷӯёни муассисаҳои таълимӣ қисса мекунад ва аз кирдорҳои кардаашон пушаймонӣ изҳор намудаву имрӯз дар назди қонун ҷавоб гуфтаанд ва ё маҳбасӣ гардидаанд, намоиш дода шуд.


    Ташаббуси мазкур иқдоми навбатии роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар самти пешгирии ҳуқуқваронкуниву ҷинояткорӣ, шомилшавии ноболиғон ва ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, ҳолатҳои бо мошинҳои шахсӣ, телефонҳои мобилӣ ва бо сару либоси ғайритавсиявӣ ҳозир шудани хонандагону донишҷӯён ва ташкили назорати доимӣ дар муассисаҳои таълимӣ буда, бо назардошти талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд”, “Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ”, “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Дар бораи маориф” ва Фармоишоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон” ва “Дастурамали либосҳои тавсиявии хонандагон ва донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ” роҳандозӣ гардидаааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin