11 ронанда барои бе иҷозати сиёҳшиша боздошт гардид

11 ронанда барои бе иҷозати сиёҳшиша боздошт гардид

  Ҳафтаи сипаришуда кормандони Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар самти таъмини амният ва бехатарии иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, пешгирии вазъи садаманокӣ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе, ба танзим даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашон, пешгирӣ ва ошкору муайян намудани ҳолатҳои вайроннамоии Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ як қатор чорабинӣ, рейду амалиёт ва корҳои фаҳмондадиҳӣ дар байни ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофиркаш доир намуданд.

  Дар натиҷаи амалинамоии маҷмӯи чорабиниҳои мақсаднок давоми санаҳои 12 то 18 марти соли ҷорӣ ҳамагӣ 4113 адад қоидавайронкуниҳои ҳаракат дар роҳ ошкор ва нисбати ронандагону дигар иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ маводҳои маъмурӣ тартиб дода шуд. Аз ҷмула:

-Идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ – 5 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе иҷозати сиёҳшиша – 11 адад;
-Бо рақами қайди давлатии бегона ё қалбакӣ – 2 адад;
-Бе рақами қайди давлатӣ – 25 адад;
-Идора намудани воситаи нақлиёт бе ҳуҷҷати ронандагӣ – 4 адад;
-Баланд намудани суръати ҳаракати воситаи нақлиёт аз меъёри муқаррашуда – 120 адад;
-Истифода бурдани телефони мобилӣ ҳангоми идора намудани воситаи нақлиёт – 118 адад;
-Итоат накардан ба талаботи чароғаки роҳнамо – 25 адад;
-Итоат накардан ба талаботи қонунии корманди милитсия оиди манъ кардани воситаи нақлиёт – 16 адад;
-Вайрон намудани қоидаҳои сабқат, манёвркунӣ – 64 адад;
-Муқобили самт ҳаракат намудан ҳангоми танбашавӣ – 48 адад;
-Бе иҷозатнома таҷҳизонидани воситаи нақлиёт бо дастгоҳи газӣ – 67 адад;
-Нагузаронидани воситаи нақлиёт аз муоинаи техникӣ – 57 адад;
-Аз меъёри муқаррарӣ зиёд савор намудани мусофирон – 286 адад;
-Ҳаракати гурӯҳӣ – 5 адад;
-Риоя накардани Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби пиёдагардон – 919 адад;
-Дигар намуди ҳуқуқвайронкуниҳо –2 341адад;

  Чи тавре ки зикр гардид, ҳафтаи сипаришуда аз ҷониби нозирони роҳ дар ҳудуди роҳҳои нақлиётгарди шаҳри Душанбе 5 ҳолати идора намудани воситаи нақлиёт дар ҳолати мастӣ ошкору муайян карда шуда, нисбати ронандагон парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шудааст. Инҳо:

  Қурбонов Фируз Акрамҷонович – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Вектра, рақами қайди давлатиаш 2935ЕС01,


 

Бойсариев Файзиддин Шодиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи БМВ 370, рақами қайди давлатиаш 1993СА01,


 

Солиҳов Насимҷон Мирҳаётович – ронандаи автомошинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 8775АВ01,


 

Холиқов Ҷамшед Муродалиевич – ронандаи автомашинаи тамғаи Опел-Астра, рақами қайди давлатиаш 1373АМ01,


 

Сафаров Далер Сафархонович – ронандаи автомашинаи мусофиркаши хатсайри №28, тамғаи Хундай-Старекс, рақами қайди давлатиаш 0682ТТ05,

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin