Худсарона ишғол намудани қитъаи замин

Худсарона ишғол намудани қитъаи замин

  Тибқи қонунгузории Ҷуиҳурии Тоҷикистон замин моликияти давлат буда, танҳо дар доираи муқаррароти қонун ба шаҳрвандон вобаста карда мешавад. Мутаассифона баъзе аз шаҳрвандон қонунҳои амалкунандаро сарфи назар намуда, худсарона қитъаҳои заминро ишғол менамоянд, ки ин ҷавобгарии ҷиноятиро дар пай дорад.
  Аз ҷониби кормандони мақомоти милитсия зимни пешбурди корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, ки як нафар сокини 28-солаи шаҳри Кӯлоб аз кӯчаи Теппаҳои Шарқии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе худсарона бе ҳуҷҷатҳои лозима 0,3 га заминро аз худ намуда, дар масоҳати 149,18 метри мураббаъ таҳкурсии бинои истиқоматӣ бунёд кардааст.
  Айни замон нисбати номбурда бо моддаи 338 (Худсарона ишғол намудани қитъати замин) Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin