Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

Ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона

  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия, ҷавони 30-солаи сокини пойтахт, ҳамчун гумонбар дар ташкил ва нигаҳдошти фоҳишахона дастгир карда шуд.
  Номбурда, 15-уми марти соли 2018, хонаи ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, ба шаҳрвандон: марди 23-солаи сокини шаҳри Душанбе ва зани 37-солаи сокини пойтахт, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 150-сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.
  Гумонбаршаванда барои ба даст овардани маблағ дар чанд мавриди дигар низ манзили ба иҷора гирифтаашро ба фоҳишахона табдил дода, аз ин ҳисоб фоида ба даст меовардааст.
  Чунончи ба шаҳрвандон: марди 33-солаи сокини пойтахт ва зани 43-солаи сокини шаҳри Душанбе, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам оварда, аз онҳо 250-сомонӣ гирифтааст.
  Ин қазия мавриди тафтиш қарор дорад

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin