• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои компютерӣ
Пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои компютерӣ

Пешгирии воридшавии ноболиғон ба марказҳои компютерӣ

  Мувофиқи Нақша-чорабиниҳои пешгирикунандаи Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷроиши Қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6-уми июни соли 2017 «Дар бораи манъ кардани воридшавии ноболиғон ба марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо дар вақти шабона» кормандони Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғону ҷавонони Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе пайваста рейду санҷишҳо доир мекунанд.
  Аз ҷумла шабонарӯзи гузашта ҷиҳати иҷроиши қарори мазкур ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» рейду санҷишҳо, доир ба пешгирии ҳолатҳои аз ҷониби наврасон машғул шудан ба талбандагиву оворагардӣ, дуд додани испанд, шустани нақлиёт дар ҷойҳои муқаррарнашуда, кашидани бор дар бозорҳо ва ҷамъоварии маблағ дар нақлиёти мусофирбар инчунин дар вақти шабона ба марказҳои дилхушӣ, дискоклубҳо, интернет-кафеҳо, марказҳои компютерӣ, толорҳои букмекерӣ ва тарабхонаҳо рафтани ноболиғону ҷавонон рейду санҷишҳо гузаронида шуд.
  Дар натиҷаи рейдҳои шабона дар марказҳои дилхушӣ ва интернет-кафеҳо 22-нафар аз ҷумла 13-нафар ноболиғон ва 9-нафар ҷавонон ба шуъбаи милитсия дастрас гардидаанд.
  Қобили зикр аст, ки аз онҳо 10-нафар барои оворагардӣ ва 12-нафар барои машғул шудан ба бозиҳои комютерӣ мебошад.
  Албатта тавре маълум аст, дар бештари маврид маҳз беҳудагардиву дур аз назорати падару модар будани ноболиғон боиси ба ҳар гуна роҳҳои хато рафтани онҳо мегарданд.
  Нисбати волидони он ноболиғону ҷавононе, ки зимни ин чорабиниҳои мақсадноки пешгирикунанда боздошту ба шуъбаи милитсия дастрас гардиданд, мувофиқи талаботи қонунгузорӣ чораҳои муассир андешида шуданд.
  Аз ин рӯ, аз волидон хоҳиш карда мешавад, ки ҳама гуна рафтору ҳаракати фарзандони худро таҳти назорат қарор дода, нагузоранд, ки ягон лаҳзаи ҳаёти онҳо беҳуда сарфи корҳои зараровар шавад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin