• Home »
  • ХАБАР »
  • Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва баррасии вазъи ҷинояткорӣ
Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва баррасии вазъи ҷинояткорӣ

Мулоқот бо донишҷӯёни Донишгоҳи миллӣ ва баррасии вазъи ҷинояткорӣ

  Дар доираи иҷроиши дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ дар байни ҷавонон, сӯҳбату мулоқотҳои ошкорои роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо муҳассилин ва устодону маъмурияти донишкадаву донишгоҳҳои олии ҳудуди пойтахт баргузор гардида истодааст. Чунин вохуриву мулоқотҳои судманд имкон медиҳад, ки донишҷӯён ҳамчун қишри фаъоли ҷомеа оиди вазъияти оперативӣ-ҷиноӣ бохабар гардида, баҳри бартараф кардани ангезаҳои халалдоркунандаи тартиботи ҷамъиятӣ ва унсурҳои ҷинояткор чораҳои саривақтӣ андешанд.


  Мулоқоти озоду ошкоро ва вохӯрии навбатии сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ҷиҳати иҷрои талаботҳои Қарори Раиси шаҳри Душанбе, муҳтарам Рустами Эмомалӣ таҳти № 63 аз 30.01.2018 сол “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” бо иштироки наздики 1000 нафар донишҷӯён, аспирантону унвонҷӯён, ҷавонони фаъоли гурӯҳи “Авангард” ва устодони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон дар толори Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷураев баргузор гардид.


  Ректори Донишгоҳи миллии Тоҷкистон академик Имомзода Муҳаммадюсуф Сайдалӣ дар сухани ифтитоҳии хеш таъкид намуд, ки ҳамкории мутақобилаи маъумурият ва муҳассилини донишгоҳ бо мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар ташкил ва баргузор намудани мулоқотҳо ва сӯҳбати ошкоро доир ба масъалаҳои пешгирии ҷинояткорӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии ҷавонон, махсусан донишҷӯён ва нақши пурсамар гузоштан дар ташаккули ҷомеаи солим назаррас мебошад.


  Сипас сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон зимни суханрониаш аз саҳми арзандаи омӯзгорони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳарф зада, мавқеи ин муассисаи олӣ ва бонуфузи кишварро дар омода намудани мутахассисони соҳибмаърифат ва кадрҳои соҳибтахассуси соҳаҳои идоракунии давлатӣ, ҳуқуқшиносӣ, дипломатия, иқтисодиёт, рузноманигорӣ, забономузӣ, педагогӣ ва даҳҳо дигар соҳаҳои иҷтимоии ҷомеаи имруза назаррас арзёбӣ намуд.
  Шариф Назарзода дар баромади хеш қайд намуд, ки айни ҳол беш аз 116 нафар хатмкардагони ин донишгоҳи бонуфузи кишвар дар вазифаҳои пурмасъул ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон кору фаъолият намуда истодаанд.


  Зимни суханронӣ сардори мақомоти милитсияи пойтахт генерал-майори милитсия Шариф Назарзода оиди масъалаҳои изтиробангезе, ки дар байни ҷавонон ҷой доранд, аз ҷумла: вазъи содиршавии ҷиноятҳо, махсусан авбошӣ ва муноқишаҳои гуруҳӣ, ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, риоя нагардидани талаботҳои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи пешгирии зӯроварӣ дар оила», коста гардидани маърифати ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, интизоми пасти иштирокчиёни ҳаракат дар роҳ, беназоративу оворагардӣ ва ҷинояткории ноболиғон, вазъи ҷинояткорӣ ва шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракат ва равияҳои тундрави ҷудоигаро, берун аз марзи ноҳия, вилоят ва ҳатто Ҷумҳурӣ даст ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз қабили одамкушӣ, роҳзаниву ғоратгарӣ ва муомилоти ғайриқонунӣ бо маводи нашъадор задани ҷавонон бо овардани далел ва мисолҳои дақиқ аз рафти тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ бо намоиши слайдҳои тасвирӣ ва видеоӣ суханронӣ намуд.


  Ҳамчунин дар рафти мулоқот диққати ҳозирин ба фаъолияти гурӯҳҳои кории амалиёти профилактикӣ ва маърифатии “Одоби шаҳрнишинӣ”, равандҳои ҷаҳонишавии муборизаҳои иттилоотӣ, воридшавии мафкураи бегона ба зеҳни ҷомеа, ҳифзи арзишҳои миллии фархангӣ, ваҳдату суботи ҷомеа, пешгирии шомилшавӣ ба иттиҳодияву гурӯҳҳои ифротӣ ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм ҷалб гардид. Сардори мақомоти милитсияи пойтахт бо изҳори таассуф аз пайравии ҷавонон ба рафтору гуфтори ғайритоҷикона ва даҳҳо падидахои номатлуби дур аз фарҳанги миллӣ сухан кард.
  Номбурда дар идомаи суханрониаш 8 банд ё принсипи асосии барномаи амалиёти профилактикии “Одоби шаҳрнишинӣ”-ро, ки дар асоси Қарори раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ тартиб дода шудаас, шарҳу тавзеҳ дод.


 Бино ба иттилои номбурда ҳоло гуруҳҳои кории мақомоти милитсияи пойтахт ва намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар доираи амалиёти “Одоби шаҳрнишинӣ” асосан аз рӯи 8 банди барнома, ба монанди:
– Амалинамоии чорабиниҳои профилактикӣ-фаҳмонидадиҳӣ дар бозорҳо, марказҳо ва нуқтаҳои савдо доир ба риояи тартиби пӯшидани либоси шакли ягона барои фурӯшандагон;
– Ошкорнамоии қоидавайронкуниҳои маъмурӣ дар самтҳои савдо дар ҷойҳои муқарарнагардида, риоя накардани қоидаҳои санитарӣ–гигиенӣ;
– Пешгирии ҳолатҳои овезон намудани либос дар пештоқи хонаҳои баландошёна;
– Таҳкими маърифату маданияти оиладорӣ, баланд бардоштани масъулият ва саҳми падару модар дар омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона;
– Муайян намудани оилаҳое, ки дар онҳо мунтазам хушунат, хусумат, зуроварӣ, ҷабр, зулм, ҷанҷол, низоъ, нофаҳмиҳо дар муносибатҳои оиладорӣ ва зимни тақсимоти молу мулки меросӣ ба назар мерасанд;
– Муайян намудани ноболиғони бепарастор, оворагард, талбанда, дар шароити номусоиди иҷтимоӣ ва оилаҳои носолим тарбиятгиранда, дорои майли содирнамоии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ ва ҷиноятпеша;
– Назорати фаъолияти марказҳои дилхушӣ, Интернет – кафе ва дискоклубҳо, нуқтаҳои фуруши маҳсулоти спиртӣ ва ҳуҷраҳои тадриси ғаӣриқонунии илми динӣ;
– Ба роҳ мондани корҳои тарғибу ташвиқот доир ба риояи қоидаҳои ҳаракат дар роҳ байни ронандагони воситаҳои нақлиётӣ ва пиёдагардон.


  Шариф Назарзода дар идомаи суханрониаш зикр намуд, ки новобаста аз баргузории вохӯриву сӯҳбатҳо дар ҷараёни гузаронидани рейду амалиётҳо бар хилофи Фармони Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №394 аз 31 марти 2007 сол “Оид ба баъзе масъалаҳои ба танзим даровардани раванди таълиму тарбия дар муассисаҳои олии касбии ҷумҳурӣ” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ” давоми 2 моҳи соли 2018 8 ҳолати бо нақлиёти шахсӣ ба Донишгоҳ ҳозир шудани донишҷӯён ошкор карда шудааст, ки 5 ҳолати он аз ҷониби донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Тоҷикистон содир карда шудааст.
  Бино ба иттилои номбурда дар натиҷа барои ин кирдор 3 нафарашон аз сафи Донишгоҳ хориҷ ва маводҳо нисбати донишҷӯёни боқимонда дар баррасӣ қарор доранд.


  Маърифати пасти ҳуқуқӣ, оила ва шаҳрдорӣ, ҷиноятсодиркунии донишҷӯёни муассисаҳои олии пойтахт, пайдоиши муноқишаҳои гурӯҳӣ байни ҷавонон, пошхӯрии оилаҳои ҷавон ва садаманокӣ дар байни ронанда-донишҷён низ аз мавзӯҳои изтиробангез ва ташвишовару ҳалталаб буд, ки зимни суханронии роҳбари мақомоти милитсияи пойтахт бо далелҳо ва истифода аз слайдҳо ба самъи иштирокдорони мулоқот расонида шуд.
  Пас аз фарҷоми суханронӣ сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон як қатор донишҷӯёни фаъол ва омӯзгорони ҷавони Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро, ки бо мақомоти милитсия ҳамкорӣ ва робитаи зич дошта, дар пешгирии кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ саҳмгузоранд, қадршиносӣ намуд. Аз ҷумла ба онҳо дар вазъияти тантанавӣ Сипоснома ва дигар тӯҳфаҳои арзишнок тақдим карда шуд.


  Дар навбати худ донишҷӯён низ суханронӣ намуда, оиди беҳтар ва баланд бардоштани маърифати шаҳрдории сокинон, пешгирии ҷинояткорӣ ва бехатарии ҳаракат дар роҳҳо як қатор пешниҳодҳоро иброз намуданд.
  Дар анҷоми мулоқот ректори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон баромад намуда, миннатдории ҳайати донишҷӯён ва устодони муассисаро ба роҳабарияти мақомоти корҳои дохилӣ ҷиҳати ҳамкории ҳамаҷониба иброз намуд.


  Дар анҷоми мулоқот зикр гардид, ки танҳо ба шарофати иродаи қавӣ, хушёриву зиракӣ, ҳисси баланди масъулиятшиносӣ, садоқат ва меҳру мухаббати бепоён ба обу хоки диёри маҳбубамон мо метавонем ҳамчун як нерӯи тавоно тамоми мушкилоти чомеаи имрӯзаро бартараф, тартиботи ҷамъиятӣ, зиндагии орому осуда, бехатарии худ ва аҳли пайвандонамонро таъмин намоем.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin