• Home »
  • ХАБАР »
  • Латукӯби ҷавонзани 45-сола аз ҷониби 2-нафар хоҳарон
Латукӯби ҷавонзани 45-сола аз ҷониби 2-нафар хоҳарон

Латукӯби ҷавонзани 45-сола аз ҷониби 2-нафар хоҳарон

  Кормандони мақомоти милитсия бо бурдани корҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ ҷинояти авбошиеро ошкор намуданд, ки наздики 13 сол пеш содир шуда буд.
  Қобили зикр аст, ки як нафар ҷавонзани 45-солаи сокини шаҳри Душанбе моҳи августи соли 2005 ба кормандони милитсия дар он хусус муроҷиат намуда буд, ки ду нафар зани ношинос дар кучаи Неъмат Қарабоев ӯро дашномҳои қабеҳ дода, зери латукӯб қарор додаанд. Дар натиҷаи ин латукӯб ҷабрдида ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта дар беморхона бистарӣ карда мешавад.
  Кормандони мақомоти милитсия, зимни пешбурди коркардҳои оперативӣ ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур ду нафар хоҳарони 37 ва 30 солаи истиқоматкунандагони шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
  Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, корҳои тафтишотӣ идома доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin