• Home »
  • ХАБАР »
  • Ифтитоҳи бинои наву замонавии маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа
Ифтитоҳи бинои наву замонавии маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

Ифтитоҳи бинои наву замонавии маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа

  Рӯзи 15-уми марти соли равон дар маҳаллаи Машъали ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар минтақаи маъмурии милитсияи №29-и ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ ифтитоҳ гардид, ки дар маросими кушодашавии бинои мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон, Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи ВКД генерал-майори милитсия Шодмонзода Фарҳодбек, муовини сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе полковники милитсия Дадабойзода Ҳотамҷон Пулодӣ, сардори ШВКД-2-и ноҳияи Фирдавсӣ полковники милитсия Раҷабзода Ҳасан Ҷалил, муовини аввали раиси ноҳияи Фирдавсӣ Хушзода Шералӣ, намояндаи Сафорати Амрико дар Тоҷикистон Кристофер Грин ва намояндаи ташкилоти «Сейферворлд» (Дунёи бехатар) Фердинанд Никола иштирок намуданд.


  Дар оғози кушодашавии бинои мазкур муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон баромад намуда, меҳмононро ба фарорасии ҷашни байналмилалии Наврӯз муборакбод намуда зикр сохт, ки маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеаи шаҳрвандӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои дохилӣ ва ташкилоти «Дунёи бехатар» бо дастгирӣ ва кӯмаки Сафорати Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон сохта шудааст, ба фаъолият оғоз намуд.


  Инчунин қайд кард, ки сохтмони ин марказ дар доираи амалисозии Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020 сарчашма гирифта боз як қадами нав дар татбиқи ислоҳоти милитсия мебошад. Маркази мазкур пеш аз ҳама барои ба даст овардани обрӯю эътибори мусбии кормандони милитсия дар байни аҳолӣ мусоидат намуда, барои пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо дар ҷомеа тақвият мебахшад.
  Мавриди қайд аст, ки маркази ҳамкории милитсия бо ҷомеа бо тамоми шароитҳои наву замонавӣ таъмин мебошад.


  Бояд тазаккур дод, ки чунин марказҳои ҳамкории милитсия дар оянда низ дар минтақаҳои дигари ҷумҳурӣ сохта ба истифода дода мешаванд.
  Дар хотима, муовини Вазири корҳои дохилӣ генерал-майори милитсия Саидзода Маҳмадсаид Борон барои бунёди чунин марказ миннатдории роҳбарияти Вазорати корҳои дохилиро ба Сафорати ИМА ва ташкилоти «Дунёи бехатар» баён намуд.

Сироҷиддин Шукуров
Тоҷиддин Латипов

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin