Дуздии 7050-сомонӣ аз дохили автомашина

Дуздии 7050-сомонӣ аз дохили автомашина

  Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Сино марди 36-солаи сокини ноҳияи Данғара муроҷиат намудааст, ки санаи 6-уми марти соли 2018, тахминан соати 13:30-дақиқа, шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз дохили автомашинаи шахсиаш тамғаи “Опел”, ки дар кӯчаи Р.Набиев беназорат меистод, 7050-сомониро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст.
  Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ноболиғ, писарбачаи 16-солаи сокини шаҳри Бохтар (Қӯрғонтеппа) бо гумони содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шуд.
    Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin