• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо роҳи интихоби калид вориди хона гардидани дуздон
Бо роҳи интихоби калид вориди хона гардидани дуздон

Бо роҳи интихоби калид вориди хона гардидани дуздон

  Ба Шуъбаи-2 ВКД дар ноҳияи Синои пойтахт зани 34-солаи сокини пойтахт дар он хусус муроҷиат намуд, ки санаи 5-уми марти соли 2018, шахсони номаълум аз манзили истиқоматияш воқеъ дар кучаи Нусратуло Махсуми ноҳияи Сино бо роҳи пинҳонӣ ворид гардида, аз дохили хонаи истикоматиаш маблағи пулӣ ба миқдори 3500-долари ИМА, 1000-сомонӣ, 50 евро, ҷавоҳироти тиллоӣ бо арзиши 4800 сомонӣ ва дигар ашёҳои қимматнокро ба маблағи умумии 35 450 сомонӣ тасарруф намудаанд.
  Бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур ду нафар ҷавони 26 ва 27 солаи сокинони ноҳияи Панҷ ва шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
  Тафтиши пешакии қазия муайян намуд, ки гумонбарон бо роҳи интихоби калид гайриконунӣ вориди манзили истиқоматии ҷабрдида гардида, бо ин кирдори ҷиноятиашон ба соҳибмулк зиёда аз 35 000 сомонӣ зарар расонидаанд.
  Қобили зикр аст, ки баъд аз дастгир шудани нафарони гумонбар қисме аз маблағҳои рабуда шуда, ҳамчун далели шайъӣ дарёфту мусодира карда шуданд.
  Айни замон гумонбарон дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташон парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 4 Коддекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin