• Home »
  • ХАБАР »
  • Бо ваъдаи бардуруғ азхуд кардани маблағҳои пулӣ
Бо ваъдаи бардуруғ азхуд кардани маблағҳои пулӣ

Бо ваъдаи бардуруғ азхуд кардани маблағҳои пулӣ

  Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 25-солаи сокини шаҳри Душанбе дар он хусус муроҷиат намудааст, ки моҳи ноябри соли 2015, марди 53-солаи сокини кӯчаи 40-солагии Октябри пойтахт худро корманди ҶДММ “Бунёдкор-2012” муаррифӣ намуда, бо роҳи фиреб ба бовариаш даромада, аз ӯ 31000-доллари амрикоӣ гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз маҳаллаи Испечак хонаи истиқоматии 3-ҳуҷрагӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
  Ҳамин тариқ номбурда моҳи ноябри соли 2017, аз марди 61-солаи сокини шаҳри Панҷакент, 132000-сомониро гирифта, ваъда додааст, ки бар ивазаш аз кӯчаи Н.Муҳаммадиеви шаҳри Душанбе хонаи истиқоматӣ гирифта медиҳад, аммо то ҳол ваъдаашро иҷро накардааст.
  Нисбати далелҳои мазкур парвандаҳои ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin