• Home »
  • ХАБАР »
  • 5 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат ба кори доимӣ таъмин гардиданд
5 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат ба кори доимӣ таъмин гардиданд

5 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқомат ба кори доимӣ таъмин гардиданд

Баъди ба тасвиб расидани Қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз 1 феврали соли ҷорӣ “Дар бораи таъсис додани гурӯҳи таблиғотӣ оид ба тарғиби одоби шаҳрнишинӣ, густариши корҳои ободонӣ ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии сокинони шаҳри Душанбе” аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо намояндагони бахшу хадамотҳои дар тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон манфиатдори мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт гуруҳҳои корӣ таъсис дода шуда, ҳамарӯза ҷиҳати дар байни аҳолӣ бурдани корҳои таблиғотӣ оид ба риояи талаботҳои Маромномаи сокини пойтахт, тарғиби тарзи ҳаёти солим ва одоби шаҳрнишинӣ, пешгирии нашъамандӣ, муборизаи якҷояи мақомот бо аҳолӣ зидди ифротгароӣ ва аз байн бурдани падидаҳои халалдоркунандаи оромии ҷомеа сафарбар карда мешаванд.

Аз ҷониби гурӯҳҳои муштараки корӣ, ки аз кормандони милитсия ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иборат мебошанд, дар натиҷаи дуруст ба роҳ мондани корҳои профилактикӣ танҳо давоми ҳафтаи сипаришуда дар ҳудуди ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури пойтахт 5 нафар шаҳрвандони бе ҷои истиқоматӣ муайян карда шуда, аз ташхисҳои ройгони тиббӣ гузаронида шуданд.

Баъди гузаронидани ташхисҳои тиббӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт дар якҷоягӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини ҳифзи ҳуқуқҳои иҷтимоии шаҳрвандони мазкур тадби

рҳои зарурӣ андешида шуда, дар натиҷа 5 нафар шаҳрвандони бе ҷои муайяни истиқоматӣ Нуриддинов Александр Муҳиддинович соли таваллудаш 1975 дар КММ “Парвоз”, Павлов Виталий Андрейевич соли таваллудаш 1986 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №13 ноҳияи Сино, Файзуллоев Фатҳуддин Иззатуллоевич соли таваллудаш 1989 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур, Бекшниёв Андрей Владимирович соли таваллудаш 1971 дар Муассисаи истифодабарии манзилии №2-и ноҳияи Шоҳмансур ва Юсуфшоев Васфишо Рахматшоевич соли таваллудаш 1976 дар Қаҳвахонаи Сим-Сим бо ҷои хоб ва кори доимӣ таъмин карда шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin