• Home »
  • ХАБАР »
  • Қадршиносии ду нафар ҷавонон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ
Қадршиносии ду нафар ҷавонон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ

Қадршиносии ду нафар ҷавонон барои иҷрои қарзи шаҳрвандӣ

Роҳбарияти мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар ҷавонон Қодиров Абдулло Мухторҷонович, соли тавалудаш 1991 ва Ҳабибуллои Абдураҳмон соли таваллудаш 2000 сокинони ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, ки бо нишон додани сифатҳои баланди инсонӣ, аз қабили далерию ҷасурӣ ва ҷавонмардӣ ҳаёти як нафар ҷавонзани 19 соларо аз марг наҷот додаанд, ҷаласаи тантанавӣ баргузор намуд. Ёдовар мешавем, ки санаи 16.01.2018 тахминан соатҳои 11.30 дақиқа ҷавонзани 19 сола, сокини шаҳри Душанбе аз болои пули назди Корхонаи нассоҷии шаҳри Душанбе бо мақсади худкушӣ худро ба дарёи Душанбе сарозер кардааст, ки дар натиҷа аз ҷониби ду нафар шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон наҷот дода шудааст.
   Тавре номбурдагон изҳор доштаанд, замоне, ки дар ҷои ҳодиса ба фаъолияти меҳнатӣ машғул буданд, ҷавонзан худро аз болои пул ба дарёи Душанбе сарозер мекунад. Дар ин лаҳза шаҳрвандон Абдулло Қодиров ва Ҳабибуллои Абдураҳмон бо нишон додани ҷасорати мардонагӣ ва қарзи инсонӣ ба сардии ҳавои зимистон нигоҳ накарда вориди дарёи Душанбе шуда, ҷавонзани бо марг дасту гиребондоштаро аз дохили об берун меоранд. Дар натиҷа гурӯҳи фаврӣ-тафтишотии Шуъбаи 2 ВКД дар ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе ба ҷои ҳодиса ҳозир гардида, ҷавонзани сармозадаро ба Беморхона дастрас менамоянд, ки боиси дар ҳаёт зиндаву саломат мондани ҷавонзан мегардад.
Дар ҷамъомади тантанавие, ки бо мақсади қадршиносии корнамоии ду нафар наҷотдиҳандагони умри инсонӣ дар Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, роҳбарият ва ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе иштирок намуданд.         Дар ҷамъомад нахуст сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милисия Назарзода Шариф Раҳмон суханронӣ намуда, аз сифатҳои ҷавонмардонаи ду нафар сокинони шаҳр, ки барои пешгирии чунин як ҳодисаи нохуши нанговар саҳмгузор гардиданд, изҳори миннатдорӣ намуд. Номбурда аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе бо таҳия ва амалинамоии барнома ва чорабиниҳои профилактикии махсус мехоҳад пеши роҳи худкушӣ дар шаҳр гирифта шуда, барномаи тарзи ҳаёти солим миёни наврасону ҷавонон муаррифӣ гардад.

 Сипас дар вазъияти тантанавӣ сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Шариф Назарзода ду нафар сокинони шаҳрро барои аз худ нишон додани ҳисси баланди инсонӣ ва масъулиятшиносӣ бо Сипоснома ва туҳфаи молӣ, соати дастӣ қадршиносӣ намуд.

Муҳсин Юсупов
лейтенанти калони милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin