• Home »
  • ХАБАР »
  • Ҷасорату корнамоии иштирокчиёни ҶБВ ифтихори мост
Ҷасорату корнамоии иштирокчиёни ҶБВ ифтихори мост

Ҷасорату корнамоии иштирокчиёни ҶБВ ифтихори мост

5-уми майи соли 2017, бахшида ба муносибати 72-юмин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ солҳои 1941-1945 дар толори маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки сардори РВКД, генерал-майори милитсия Фотеҳ Қунғуротзода, раиси Созмони собиқадорони ВКД, генерал-майори мустаъфӣ Саид Ҷурахонзода, собиқадорон, роҳбарият ва ҳайати шахсии ин ниҳод чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ин чорабинӣ аз ҷониби сардори РВКД Фотеҳ Қунғуротзода оғоз гардида, мавсуф иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, собиқадорон ва ҳозиринро бо таҷлили Рӯзи Ғалаба бар фашизм табрику муборак намуд.
Қайд гардид, ки ғалабаи мардумони гуногунмиллати давлати шӯравиро дар мубориза ба муқобили истилогарони фашистӣ метавон пирӯзии некӣ бар бадӣ ва рӯшноӣ бар зулмот номид. Маҳз шуҷоату мардонагии насли калонсол мебошад, ки имрӯз бо ҳисси баланди ватандӯстӣ дар бораи корнамоии онҳо ҳарф зада, собиқадорону иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ қадр гардида, хотираи шаҳидони роҳи озодиро арҷ мегузорем.

Аз рӯзҳои аввали оғози ҷанг фарзандони баору нанги тоҷик дар баробари дигар халқиятҳо баҳри ҳимояи Ватани хеш камари ҳиммат баста, ба набард мерафтанд ва дар ҳифзи ҳар як ваҷаб хоки муқаддаси Ватан сина сипар менамуданд. Ҳамзамон, дар баробари диловарону ҷасурони фарзандони тоҷик дар ақибгоҳи ҷанг аз хурд то пири барно баҳри таъминоти ҳамаҷонибаи сарбозон шабонарӯзӣ меҳнату заҳмат мекашиданд, то ки онҳо низ дар ин ғалаба саҳми арзандаи худро гузоранд.

Яке аз омилҳои муҳими ғалаба ин пойдории ваҳдат, ягонагӣ, дӯстиву рафоқат ва мароми ягона доштани халқиятҳо мебошад. Дар ин ҷанги зидди фашизми истилогар аз Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 300 ҳазор нафар дар майдонҳои набард ҷонбозиву қаҳрамониҳо намудаанд ва беш аз 90 ҳазор нафар шаҳид шудаанд. Барои корнамоиву мардонагӣ 57 нафар бо унвони Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ сарфароз гардида, 15 нафар дорандагони се дараҷаи ордени «Шараф» мебошанд.
Сардори РВКД Фотеҳ Қунғуротзода дар идомаи суханронӣ иброз намуд, ки Сарвари давлати соҳибистиқлоламон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша ба ин насли қаҳрамону диловарони Ватан пайваста таваҷҷӯҳи хоса зоҳир менамояд.
Дар идомаи чорабинии тантанавӣ раиси Созмони собиқадорони ВКД, генерал-майори мустаъфӣ Саид Ҷурахонзода зимни баромади худ қайд намуд, ки Ғалаба дар таърихи башарият воқеан ҳам санаи муҳиму фаромӯшнашаванда буда, барои тамоми мардуми сулҳпарвари ҷаҳон ҷашни шодию хурсандӣ ва ёдбуди хотираи неки шаҳидони роҳи озодӣ ба ҳисоб меравад. Ҳамасола таҷлил намудани Иди Ғалаба, нигоҳ доштани поси хотири ҳалокшудагон, қадрдонии родмардони набардҳои шадид ва заҳмати беканори онҳое, ки дар ақибгоҳ дар шикасти адӯ саҳм гирифтаанд, худ анъанаи нек ва сабақи ибратомӯз барои наслҳои имрӯза ба шумор меравад. Дар баробари ин, Иди Ғалаба моро хушдор медиҳад, ки сулҳу амният ва тинҷию осудагӣ неъмати бебаҳо буда, моро зарур аст, ки барои ҳифзи он ҳамеша омода бошем.

Сипас, раиси шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе, полковники мустаъфӣ Раҳматшо Неъматов ҳозиринро бо фарорасии Иди Ғалаба бар фашизм табрик намуда, зикр кард, ки имрӯз 4 нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки собиқадорони ин ниҳод ҳастанд, дар шӯрои собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе қайд гардидаанд. Бигзор насли ояндасози миллат бо ҳисси бузурги ватандӯстӣ ва ифтихори миллӣ ҳамчун қаҳрамонони шуҷои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нерӯи худро танҳо барои ободии Ватани хеш сарф намоянд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ як қатор собиқадорони РВКД ва ҷузъу томҳои он дар шаҳри Душанбе аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ бо маблағҳои пулӣ қадрдонӣ гардиданд.
Инчунин, роҳбарияти РВКД дар шаҳри Душанбе ба манзили истиқоматии иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадори Вазорати корҳои дохилӣ Макеев Евгений Яковлевич рафта, ба ӯ кӯмаки моливу моддӣ расониданд.

Раҷаббек ИЛЁСОВ, Сироҷиддин Шукуров, Тоҷиддин ЛАТИПОВ 

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin