• Home »
  • ХАБАР »
  • Шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозони қисми низомии 3502
Шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозони қисми низомии 3502

Шиносоӣ бо шароити хизматии сарбозони қисми низомии 3502

Дар доираи таҷлили 25-умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе баҳри аз наздик шинос шудан аз шароити хизматбарии хизматчиёни ҳарбӣ ба муносибати ин санаи фархунда шодбош намудани ҳайати сарбозону афсарони он ба қисми ҳарбии 3502-и Қушунҳои дохилии ВКД ташриф оварда, бо шароит ва таъминоти моддию техникии афсарону сарбозони қисми низомии мазкур аз наздик шиносоӣ пайдо намуд.

Қобили зикр аст, ки имрӯз бо дастгириҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тамоми хизматчиёни ҳарбӣ аз ҷумла қисми ҳарбии 3502-и Қушанҳои дохилии Вазорати корҳои дохилӣ бо тамоми шароитҳои хизматбарӣ, аз ҷумла толори васеи маҷлисгоҳ, толори варзишӣ, ошхонаю дигар иншоотҳои маишию хизматӣ таъмин карда шудаад.


   Имрӯз бо эътимоди қавӣ метавон гуфт, ки Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як воҳиди тавонои кишвар табдил ёфта, сарбозони шуҷои он дар ҳифзи марзу бум ва садоқат ба савганди низомӣ аз уҳдаи вазифаҳои дар наздашон гузошташуда бо сарбаландӣ мебароянд.


Қобили зикр аст, ки бо ташаббуси Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе барои афсарону сарбозони қисми низомии мазкур дастурхони идона ороста гардида, бҳри болидахотирии сарбозон барномаи ҷолиби фарҳангӣ таҳия карда шуд.

Сироҷиддин Шукуров
лейтенанти милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin