Чорабиниҳои пешгирикунанда идома дорад

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонон ҳафтаи сипаригардида аз тарафи кормандони Шуъбаи Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ дар байни ноболиғон ва ҷавонони Раёсати вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе дар ҳудуди ноҳияҳои пойтахт, аз ҷумла дар марказҳои интернетӣ, кӯчаву хиёбонҳо, бозорҳо ва марказҳои дилхушӣ чорабиниҳои пешгирикунанда гузаронида шуд.

Зимни гузаронидани чорабинии мазкур 72 нафар ноболиғону ҷавонон барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои гуногун ба Шуъбаҳои вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияҳои шаҳри Душанбе дастрас карда шуданд.

Аз ин шумора нисбати 30 нафар волидайни онҳо, ки дар тарбияи фарзанд бемасъулиятӣ зоҳир намудаанд, тибқи талаботи моддаи 90-и Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» парвандаҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, барои моҳиятан баррасӣ намудан аз рӯи тобеъият ба суд ирсол карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin