Чорабинии наврӯзӣ дар РВКД дар ш. Душанбе

Ҳар як  ҷашн ба худ шукӯҳу шаҳомат ва суннату анъанаҳои хоса дорад. Аз ҷумла, ҷашни Наврӯзи Аҷам, ки яке аз падидаҳои фарҳангии қавми ориёнажод аст, дар тӯли мавҷудияти худ ба пешрафти фарҳангу осори на танҳо халқҳои тоҷику форс, балки ба фарҳангу маданияти ҷаҳониён низ таъсиргузорӣ намудааст.

Сардори Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбегенерал-майори милитсия Ҷурахонзода Саид Қаюм аз дастархони наврӯзие, ки аз ҷониби Шуъбаҳои ВКД ороста шуда буд дидан намуда, зимни суханрониаш ҳозиринро бахшида ба ҷашни Наврӯз самимона табрику муборакбод кард. Мавсуф  баргузории чунин чорабиниҳои хурсандибахшро аз сулҳу осоиштагии диёр ва истиқлолияти комили давлатӣ арзёбӣ намуд.

Ҳамчунин, дар ин чорабини фарҳангӣ собиқадорони МКД-и ҳудуди шаҳри Душанбе, кормандони Раёсат бо аҳли хонаводаашон ширкат варзида, бо баргузории барномаи хуби консертӣ табъи ҳозирин болида гардонида шуд. Мавриди зикр аст, ки барои риояи суннату анъанаҳои хосаи Наврӯзӣ мусобиқаҳои вазнбардориву банкашӣ низ гузаронида шуд. Дар оростани дастархони наврӯзӣ бошад, дастаи ШВКД дар н. Шоҳмансур ва ШВКД дар н. Фирдавсӣ ғолиб дониста шуданд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin