ФАРМОНИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Дар бораи Стратегияи ислоҳоти милитсия

барои солҳои 2013 – 2020 

Бо мақсади беҳтар намудани фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ, такмили сохтори он, мутобиқ намудани фаъолияти мақомот ба талаботи муосир ва меъёрҳои асноди ҳуқуқи байналмилалӣ, наздик намудани фаъолияти мақомот ба ҷомеа, инчунин таъмини кафолати иҷтимоиву ҳуқуқии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва мутобиқи моддаи 69 Конститутсияи    (Сарқонуни) Ҷумҳурии     Тоҷикистон     ф а р м о н              м е д и ҳ а м:

1. Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013 – 2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор, муассисаҳои илмӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ гурӯҳи корӣ таъсис дода, дар давоми соли 2013 лоиҳаи «Барномаи рушди милитсия барои солҳои 2013-2020»-ро таҳия намуда, барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд.

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

ш. Душанбе

19 марти соли 2013

№ 1438

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin