• Home »
  • ХАБАР »
  • Пешгирии додани пора аз ҷониби кормандони милитсия

Пешгирии додани пора аз ҷониби кормандони милитсия

Пешгирии ҷиноятҳое, ки характери  коррупсионӣ доранд, аз ҳар як шаҳрванди ин сарзамин масъулият ва ҳисси баланди ватандӯстиро талаб мекунанд. Вале, баъзе аз шаҳрвандон ҷои оне, ки дар пешгирию ошкор кардани ҷиноятҳои коррупсионӣ аз худ фаъолияти назаррас нишон диҳанд, баръакс барои манфиати шахсии худ ҷиҳати содир гардидани ин гуна ҷиноятҳо, доду гирифти пора шароит фароҳам меоваранд.

Сокини ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон шаҳрванд  Бабаёрова Баҳор Рӯзиевна, соли таваллудаш 1964, оиди лату кӯб шуданаш аз ҷониби шаҳрванд Худайқулов Абдуқаҳҳор Ғаниевич, соли таваллудаш 1954, сокини ноҳияи Панҷ, бо ариза ба ШВКД ноҳияи мазкур муроҷиат кардааст. Аммо муддате нагузашта, аз шаҳрванд Абдуқаҳҳор Худайқулов  маблағи 3 000 доллари америкоӣ тамаъ намуда, гӯё ин маблағро барои ба ҷавобгарии ҷиноятӣ ҷалб нагаштани ӯ ба корманди ШВКД дар ноҳияи Панҷ С.С. медиҳад ва парвандаи ҷиноятӣ бо ҳамин нисбати ӯ қатъ мегардад.  Шаҳрванд Худайқулов А. ба Баҳор Бабаёрова маблағи 3000 доллари америкоиро дода, сипас Баҳор Бабаёрова ба назди ваколатдори калони оперативии ШВКД дар ноҳияи Панҷ С.С., рафта ба сифати миёнарав амал намуда, мехоҳад  корманди мазкурро ба гирифтани пора моил созад.

Аммо садоқат ба савганд, риояи қонун ва вафодорӣ ба ин диёр барои корманди милитсия С.С. болотар аз ҳама молу сарват истода, оиди ҳолати мазкур ба Прокуратураи ноҳияи Панҷ муроҷиат мекунад. Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД ва Прокуратураи ноҳияи Панҷ лаҳзаи додани пораро аз ҷониби Баҳор Бабаёрова ба корманди оперативӣ мунтазир шуда, ҳангоми додани маблағ ӯро дар бинои ШВКД ноҳияи Панҷ дастгир намудаанд. Баҳор Бабаёрова на танҳо дар ин ҷинояти коррупсионӣ ба сифати миёнарав амал кардааст, инчунин ба ҷинояти қаллобӣ даст зада, аз маблағи 3000 долларе, ки аз Худайқулов А. ба даст оварда буд, 1000 доллари онро аз онихуд кардаву 2000 доллари боқимондаашро ба сифати пора доданӣ будааст.

Акнун нисбати Бабаёрова Баҳор тибқи талаботи моддаи  250 қисми 1 ва 320 қисми 2 КҶ ҶТ парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтиш идома дорад.

Ҳамчунин, рӯзи 07.06.с.2014, Усмонов Зайниддин, соли таваллудаш 1984, истиқоматкунандаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо мақсади ба манфиати худ ҳал кардани муроҷиати шаҳрванд Исманова Юлдуз, соли таваллудаш 1964, сокини ҳамин ноҳия, ба нозири минтақавии шӯъбачаи минтақавии милитсияи “Ёва”-и ШВКД дар ноҳияи Б.Ғафуров, маблағи 150-сомониро ба сифати пора пешниҳод намуд. Номбурда ҳангоми додани маблағи мазкур дар утоқи кории нозири минтақавӣ аз ҷониби кормандони милитсия ҳамчун гумонбар дар додани пора дастгир карда шуд. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin