Оқибати нохуши садамаҳои нақлиётӣ

Оқибати нохуши садамаҳои нақлиётӣ

Рӯзи 06.06.с.2014, ронандаи автомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш ТҶ 61-19 Т 02, Маҳмадқулов Абдурасул, соли таваллудаш 1994, сокини ноҳияи Қумсангир, ҳангоми ҳаракат аз тарафи шаҳраки Дӯстӣ ба самти деҳаи Шоликори ноҳия аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Давлатов Сироҷиддин, соли таваллудаш 1941, сокини ҳамин ноҳияро пахш намудааст. Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Инчунин, дар ин рӯз ронандаи аавтомашинаи тамғаи “Мерседес-Бенс” рақами давлатиаш ТҶ 2946 АТ 01, Мухторов Асадулло, соли таваллудаш 1965, истиқоматкунандаи ноҳияи Данғара, ҳангоми ҳаракат аз тарафи ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ба самти шаҳри Қурғонтеппа дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Маданият бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба тарафи рости роҳ баромада дар дохили заминҳои пахта автомашинаро чаппа намудааст. Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin