• Home »
  • ХАБАР »
  • Ободонию созандагӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар РВКД шаҳри Душанбе
Ободонию созандагӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар РВКД шаҳри Душанбе

Ободонию созандагӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар РВКД шаҳри Душанбе

Имрӯз (20.06.с.2017) Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ташриф оварда, аз корҳои таъмиру таҷдид ва ободонии ин ниҳод дидан намуд.
Нахуст, Вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар саҳни бинои раёсат бо роҳбарият ва ҳайати шахсӣ вохӯрӣ намуда, онҳоро бо фарорасии 20-умин солгарди Ваҳдати миллӣ, ки яке аз дастовардҳои бузурги миллат ба ҳисоб меравад, табрику таҳният намуд.

Зимни вохӯрӣ бо ҳайати шахсӣ қайд гардид, ки мақомоти милитсия беш аз ҳарвақта дар таъмини амнияти шаҳрвандон, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва таҳкими сулҳу субот дар ҷумҳурӣ бояд саҳмгузор бошанд. Кормандони милитсия барои амалӣ намудани ин ҳадафҳо дар якҷоягӣ бо дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратии кишвар амал намуда, ҳамкориҳоро бо ҷомеа тақвият бахшанд.
Имрӯзҳо бо дастгирии роҳбарияти Ҳукумати ҷумҳурӣ шароити хизматбарӣ, вазъи иҷтимоӣ ва маишии ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ беҳтар гардида, ҷавобан ба таваҷҷӯҳ ва ғамхориҳо ҳар яки моро зарур аст, ки фаъолияти хизматии худро дучанд намуда, тамоми кӯшишу ғайрати худро баҳри мубориза бо ҷинояткорӣ ва ҳуқуқвайронкунӣ равона созанд.

Дар идома, Вазири корҳои дохилӣ дар назди ҳайати шахсӣ дар самти ҷалби нерӯи ҷавонон дар таҳкими тинҷиву оромӣ ва пешгирии ҷинояткорӣ, ҷалби аҳолӣ дар ҳалли мушкилоти ҷомеа, баланд бардоштани нақши зан ва дигар масъалаҳои марбут вазифаҳои мушаххас гузошт.
Сипас, зимни сӯҳбати самимӣ бо Вазири корҳои дохилӣ як қатор кормандони РВКД дар шаҳри Душанбе суханронӣ намуда, аз шароиту имкониятҳо ва сатҳи хизматбарӣ ибрози назар намуданд. Ҳайати шахсӣ изҳор доштанд, ки ҳамеша омодаанд, баҳри пешрафту ободӣ, сулҳу амонии Ватани азизи худ, пешгирии ҷинояту ҷинояткорӣ содиқона хизмат намоянд.
Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷумла, муовини сардори Шӯъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии раёсат подполковники милитсия Бибиноз Хушвахтова зимни суханронии хеш ба роҳбарияти Вазорат барои дастгириҳои ҳамаҷониба, фароҳам овардани шароитҳои хуби хизмат ва таваҷҷӯҳ нисбати корманд-занони мақомот изҳори миннатдорӣ намуд. Мавсуф зикр кард, ки дар сафи мақомоти милитсия муддати муайян аст, ки хизмат менамояд ва бо дастгирии бевоситаи Вазири корҳои дохилӣ ба ӯ муаяссар гардид, ки факултаи 1-уми Академияи Вазорати корҳои дохилӣ барои ҳайати роҳбарикунандаро бомуваффақият хатм намуда, имрӯз дар сафи мақомот бо сари баланд хизмати софдилонаашро идома диҳад.

Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро аз корҳои таъмиру таҷдид, ободонию созандагии бинои РВКД ва гирду атрофи он дидан намуда, ба сатҳу сифат ва натиҷаи корҳои баитмомрасонидашуда изҳори қаноатмандӣ намуд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки бинои Раёсати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе бо дастгирии Ҳукумати шаҳр, роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва меҳнату саҳмгузории ҳайати шахсӣ дар як муддати кӯтоҳ аз таъмири пурра бароварда шуда, бо тамоми шароитҳои зарурии хизматбарӣ таъмин карда шудаанд.
Ҳуҷраҳои кории кормандон, толори маҷлисгоҳ, ошхона, ҳаммом, майдони сафороӣ, ҷойи фароғатӣ, таваққуфгоҳ ва дигар иншоотҳои он пурра азнавсозӣ гардида, симои навро касб намудаанд.

Р. Илёсов, Х. Солиҳов, С. Шукуров

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin