Ободониву созандаги мароми мост!

Ободониву созандаги мароми мост!

Барои дар амал татбиќ намудани сиёсати бунёдкорона ва созандаи Асосгузори сулҳу вањдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муњтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ташаббуси роњбарияти Вазорати корњои дохилї дар љузъу томњо пайваста корњои ободонї амалї мегардад.

Бо дастгирии Њукумати љумњурї ва сањмгузории соњибкорону роњбарият ва њайати шахсї имрўзњои бинои Раёсати ВКД дар шањри Душанбе бо тарњи замонавї таъмиру тармим гардида истода, кормандони нињоди мазкур дастаљамъона дар корњои сохтумонию рангуборкунии он камари њиммат бастаанд. То кунун сањни бино ва ќисмати зиёди корњои рангуборкунї, ки дар умум зиёда аз 3000 метри квадратиро ташкил медињад, ба сомон расонида шуда, майдони сањни бино бошад, дар масоњати 100 метри квадратї бо сангњои ороишї мумфарш карда шудааст, ки њамаи корњои иљрогардида на кам аз навад фисади корњои сохтмониро ташкил медињад.

Ќайд кардан ба маврид аст, ки бо маќсади тозаву озода намудани гирду атрофи бино ва сабзу хуррам гардонидани минтаќи хизматї роњбарият ва њайати шахсии РВКД пайваста ба њашари шанбегї баромада, дар ободу зебо гардонидани гўшае аз шањру Ватани худ сањми шањрвандии хешро мегузоранд.

Дар партави сиёсати бунёдкоронаи Сарвари давлат, барои кормандони милитсия дањњо биноњои маъмуриву истиќоматии хуштарњу замонавї бо тамоми шароитњои хизмативу маишї сохта ба истифода дода шуда, аксари љузъу томњои маќомоти корњои дохилї аз таъмиру тармими замонавї бароварда шудааст, ки ин њама ѓамхорињои роњбарияти давлат нисбати кормандони милитсия мебошад.

Дар ин радиф, њар як корманди маќомоти корњои дохилиро лозим аст, ки ба давлату миллати худ содиќона хизмат намуда, дар пешравию гулгулшукуфии Ватани азизамон дучанд сањмгузорї намояд.

                                                                                                                           Шукуров Сироҷиддин

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin