• Home »
  • ХАБАР »
  • НФС «Умед-88» мавриди ҳамлаи ҷинояткорон қарор гирифт
НФС «Умед-88» мавриди ҳамлаи ҷинояткорон қарор гирифт

НФС «Умед-88» мавриди ҳамлаи ҷинояткорон қарор гирифт

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷусутуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар н. Сино аъзоёни гуруҳи муташаккили ҷиноятӣ, ки ба ғоратгариву роҳзанӣ машғул буданд, дастгир карда шуданд. Санаи 16-уми октябри соли 2014 , тахминан соатҳои 2-3-и шаб як гурӯҳ ҷинояткорон дар сар ниқоб, дар дастон дастпӯшак ва бо тапончаи газӣ, чӯбдаст ва корд мусаллаҳ ба Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88», воқеъ дар кӯчаи Шестопавловаи ш. Душанбе ҳуҷум мекунанд, ки бо гумони даст доштан дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрвандон Абдуллоев Фарҳод Таваралиевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи н. Ҳисор, ҷамоати деҳоти Қалъаи Ҳисор, деҳаи Ҳисор, Соҳибзода Сиёвуши Одилҷон, соли таваллудаш 1993, истиқоматкунандаи н. Ҳисор, ҷамоати деҳоти Қалъаи Ҳисор, деҳаи Ҳисор, Мустафоқулов Баҳрулло Нуриддинович, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи н. Ҳисор, ҷамоати деҳоти Қалъаи Ҳисор, деҳаи Ҳисор, Назаров Мурод, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи н. Ҳисор ва Баҳодуров Эмомиддин, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе дастгир гардиданд. Номбурдагон ҳангоми ҳуҷум ба Нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Умед-88» кормандони ин нуқтаи фурӯш шаҳрвандон Каримов  Дамир, соли таваллудаш 1993, сокини ноҳияи Ҳамадонӣ ва Пирзода Кароматулло, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Ваҳдатро бо корд захмӣ намуда, бо роҳи шикастани тирезаҳои дӯкони хазина, аз он ҷо 4445 сомонӣмаблағи пулиро тасарруф намуда, аз ҷойи ҳодиса ғайб мезананд. Бояд тазаккур дод, ки ҳодисаи мазкур зери назорати сардори Раёсат, генерал-майори милитсия Ҷӯрахонзода Саид Қаюм қарор дошта, ҷинояткорон дар назди қонун ҷавоб хоҳанд гуфт.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin