Муфаттиши беҳтарини соли 2017 эълон шуд

Муфаттиши беҳтарини соли 2017 эълон шуд

Имрӯз (02.02.2018) дар маҷлисгоҳи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи тантанавӣ бо иштироки роҳбарият ва ҳайати шахсии Раёсат баргузор гардид.
Нахуст дар мулоқот сардори мақомоти корҳои дохилии шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Ш.Р таъкид намуд, ки милитсияи пойтахт баҳри таъмини тартиботу осоиштаҳолии шаҳрвандон фаъолияти ҳамаҷонибаро ба роҳ монда, ҳамеша бо афроди ҷиноятпеша муборизаи беамон мебарад. Аз ҷумла зир намуд, ки мубориза бар зидди ҷинояткорӣ қарзи ҳар як корманди милитсия буда, масъулият ва ҳисси баланди ватандориро талаб мекунад.
Мавриди зикр аст, ки ҳамасола бо ташаббуси Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикситон баҳри муайян намудани беҳтарин кормандони самтҳои оперативию тафтишотӣ ва криминалистию хизмат ва дар ин замина баланд бардоштани рӯҳияи кормандони милитсия як қатор озмунҳо гузаронида мешавад, ки яке аз онҳо «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» ва «Беҳтарин муфаттиш»-и сол мебошад, ки ин падида метавонад, ба пешравии фаъолияти хизматӣ ва ҳисси баланди масъулият дар миёни кормандони мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла хадамотҳои тафтишотӣ замина гузорад.


Мавриди зикр аст, ки «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» ва «Беҳтарин муфаттиш»-и мақомоти корҳои дохилӣ дар соли 2017 аз ҷониби ВКД эълон карда шуд. Мувофиқи фармоиши ВКД аз 16-уми январи соли 2018 №27 «Беҳтарин воҳиди тафтишотӣ» шуъбачаи тафтишотии ШВКД дар шаҳри Турсунзода ва «Беҳтарин муфаттиш», муфаттиши Шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар ш. Душанбе капитани милитсия Набиев Собир Сайазамович ҳисобида шудааст.
Дар вазъияти тантанавӣ аз ҷониби Сардори Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-майори милитсия Назарзода Шариф Раҳмон ба капитани милитсия Набиев Собир Сайазамович нишони «Беҳтарин муфаттиш» ва медали «Милитсияи Тоҷикистон» супорида шуд.
Сардори Раёсат зимни суханронӣ иброз дошт, ки фаъолияти хуб хеҷ гоҳ бе подош намемонад. Аз ин лиҳоз аз ҳар як корманд талаб карда шуд, ки бо ҳисси баланди масъулият дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ кушиш намоянд.
Мавриди зикр аст, ки капитани милитси Набиев Собир хатмкардаи (2011) донишгоҳи олии ВКД Федератсияи Руссия буда, фаъолиятро аз муфаттиши Раёсати ВКД дар нақлиётбуда оғоз намуда, аз соли 2013 то ин ҷониб дар вазифаи муфаттиши Шуъбаи тафтишотии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе кору фаъолият намуда истодааст. Номбурда соли 2017-ро бо натиҷаҳои баланди хизматӣ ҷамъбаст намуда, дорои маданияти баланди коргузорӣ-хизматӣ хисобида мешавад.


Дар суҳбат бо мо сардори Шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе подполковники милитсия Махсумзода Аминҷон, хислатҳои хуби номбурдаро васф намуда, иброз дошт, ки Набиев Собир дар фаъолияти корияш худро ҳамчун корманди масъулиятшиносу поквиҷдон, фаъолу ташкилотчӣ ва присипнок нишон дода дастуру супоришҳои роҳбариятро саривақт иҷро менамояд.
Дар анҷоми чорабинӣ таъкид шуд, ки ояндаи давлату миллат ҷавонон ба ҳисоб рафта, мақомоти корҳои дохилӣ низ бо корманд-ҷавонони бо масъулияти худ мефахрад.
Тинҷию оромии кишвар аз ҳар як шаҳрванд вобастагии калон дошта маҳз дар ҳамкорӣ бо мақомоти корҳои дохилӣ пеши роҳи ҳама гуна ҷинояту ҷинояткорӣ гирифта мешавад.

Шукуров Сироҷиддин
лейтенанти милитсия

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin