• Home »
  • ХАБАР »
  • Мусодираи 17 кг «героин» аз ҷониби кормандони ШКҶ РВКД дар ш. Душанбе

Мусодираи 17 кг «героин» аз ҷониби кормандони ШКҶ РВКД дар ш. Душанбе

Њангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови љинойии РВКД дар шаҳри Душанбе, дар кӯчаи Н.Қарабоеви пойтахт, ҳамчун гумонбар дар муомилотиғайриқонунии маводи мухаддир капитани милитсия РаҷабовҶамолиддин Саидбурҳонович, нозири калони гуруҳи кадрҳо ва кор боҳайати шахсии Раёсати мубориза зидди ҷиноятҳои муташаккили Вазорати корҳои дохилӣ ва лейтенанти калони милитсия Ғаюров Далер Аномуддинович, нозири шуъбаи кадрҳо ва кор бо ҳайати шахсии Баталиёни Хадамоти «Муҳофиза»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгир карда шуданд.

Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи тамғаи «Тайота-Кемри», рақами давлатиаш «90-35 ВМ 01 РТ», ки таҳти идораи Раҷабов Ҷ.С.,қарор дошт, аз дохили он, љузъдони варзишӣ дарёфт гардид. Дар дохили љузъдони мазкур 17 бастаҳои селофанӣ мављуд буда, вазни холиси он тақрибан 17 килограмм маводи нашъадори навъи «героин»-ро ташкил медињад.

Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin