• Home »
  • Без рубрики »
  • МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!
МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!

МУРОҶИАТНОМАИ Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт!

Муҳтарам сокинони пойтахт ва меҳмонони арҷманди шаҳр!

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе бо муборакбодӣ аз омадани ҷашни «Соли Нави мелодӣ – 2018» ва орзуи бепоёни бахту саодату дастовардҳои рӯзафзун ба ҳар як фарди худогоҳу худшиноси мамлакат, аз Шумоён эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки ҳамаи мо, дастаҷаъмона дар остонаи таҷлили ин ҷашни пуршукӯҳ нигоҳ доштани маданият ва фарҳанги баланди шаҳршинӣ, тартиботи ҳуқуқӣ ва муносибатҳои ҷамъиятиро дар сатҳи зарурӣ таъмин намоем.

Сокини пойтахт будан барои ҳар шаҳрванд масъулияти ҷиддиро пеш гузошта, мақоми беназири шаҳри азизамон – дорандаи «Ҷоизаи шаҳри сулҳ» моро водор месозад, ки тавассути ҳамкории зич бо ҷомеаи шаҳрвандӣ ва эътиноии фаврӣ ба ҳар як далели халалдор сохтани оромӣ, бо риояи ҳатмии «Маромномаи сокини пойтахт» ва дигар талаботи қоидаҳову меъёрҳои ҳуқуқӣ дар таъмини тартиботи комили ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон ва ҷомеа, бахусус талабот оид ба манъ гардидани воридот, нигоҳдорӣ, фурӯхтан ва истифода бурдани маводи тарфгарӣ (пиротехникӣ), ки боиси расонидани зарар ба ҳаёту саломатӣ ва молу мулк мегардад, масъул бошем.
Ба ҳамагон маълум аст, ки тибқи қонунгузорӣ барои вайрон намудани ин меъёри ҳуқуқӣ ҷавобгариҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ пешбинӣ гардида, дар доираи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» барои иҷро накардани ӯҳдадориҳои вобаста ба таълиму тарбияи фарзанд, падару модар ва омӯзгор тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгариро бар дӯш доранд.
Бо дарназардошти ин ва бо истифода аз фурсати муносиб Шуморо бовар мекунонем, ки мо дар якҷоягӣ бо мардуми сарбаланду ватандӯст, соҳибмаърифату соҳибфарҳанги пойтахт ва ҳар як фарди бонангу номуси халқи азизамон бо сарҷамъиву муттаҳидӣ, оромӣ, риояи дақиқи тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон, таҷлили ҷашни Соли Нави мелодиро дар шаҳр, ки ба яке аз пойтахтҳои ороми ҷаҳони муосир мансуб мебошад, сазовор пешвоз мегирем!

Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin