• Home »
  • ХАБАР »
  • Маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук тасдиқ гардид!
Маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук тасдиқ гардид!

Маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук тасдиқ гардид!

Ба маводи иттилоотии корбари Фейсбук 

шаҳрванд Сабрина Русланова таҳти унвони

 “Очередной герой”, ки дар гуруҳи фейсбукии

 “Мо Тоҷикистонием” инъикос гардидааст.

Маводи инъикоснамудаи корбари Фейсбук тасдиқ гардид!

Раёсати ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе маводи инъикоснамудаи корбари фаъоли Фейсбук шаҳрванд Сабрина Русланова таҳти унвони “Очередной герой”, ки дар саҳифаи фейсбукии гурӯҳи “Мо Тоҷикистонием” чоп шуда, оиди кирдори зиддиҳуқуқии ронандаи автомошинаи тамғаи Мазда-6, аломати қайди давлатиаш 6000ТТ05, ки мунтазам дар назди биноҳои истиқоматии кучаи Асадулло Ғуломов гузошта, роҳрави пиёдагардонро банд ва ба гаштугузори озодонаи шаҳрвандон халал мерасонидааст, мавриди баррасӣ қарор дода, аз натиҷааш чунин иттилоъ медиҳад.
Муроҷиати дарҷгардида аз ҷониби Шуъбаи БДА Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе мавриди санҷиш ва чораҷуии пурра ва ҳаматарафа қарор дода шуда, дар асоси далелҳои дар мавод инъикосгардида (расми воситаи нақлиёт оиди дар ҷои номуққараршуда гузоштан) ронандаи воситаи нақлиёт дар ҷои муқарраргардида мавриди санҷиши нозирони роҳ қарор дода шуд. Дар натиҷа муайян гардид, ки воситаи нақлиёти тамғаи Мазда-6, аломати қайди давлатиаш 6000ТТ05, ба шаҳрванд Муҳаммадёр Маҳмадзода, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, кӯчаи Рудакӣ 100 тааллуқ дошта, дар асоси шартномаи тарафайн бо ҶДММ “Талко персия” ҳамчун ронандаи мусофиркашон (таксӣ) фаъолият менамояд.

Дар натиҷа муайян карда шуд, ки далелҳои дар мавод инъикосгардида ба пуррагӣ тасдиқ ёфта, зимни санҷиши ҳуҷҷатҳои автомошинаи мазкур ду далели ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ барои вайрон намудани талаботи банди 145-и Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ нисаби ронандаи автомошинаи мазкур шаҳрванд Муҳаммадёр Маҳмадзода бо дастрасии моддаҳои 324 ва 346 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, нисбати ронанда ҷазои маъмурӣ татбиқ карда шуд.


Аз ин руӯ, Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе дар ин самт андешаи муаллифи матлаб оиди инъикоси вайроннамоии қоидаҳои ҳаракати роҳ ва дигар кирдорҳои зиддиқуқуқиву ҷиноятиро бо мақсади пешгирӣ ва дар оянда роҳ надодан ба чунин ҳуқуқвайронкунӣ ҷонибдорӣ намуда, аз кулли шаҳрвандон, сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе эҳтиромона хоҳиш менамояд, ки дар сурати шоҳиди ин ё он кирдори зиддиҳуқуқӣ гардидан тавассути телефони боварии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе 221-15-00 муроҷиат намоед.

Маркази матбуоти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin