• Home »
  • ХАБАР »
  • Лату кӯб ва тамаъҷӯии 50000 рубли Федератсияи Россия

Лату кӯб ва тамаъҷӯии 50000 рубли Федератсияи Россия

Ба ШВКД-2 дар ноҳияи Сино марди 24-солаи сокини ноҳияи Мастчоҳ муроҷиат намудааст, ки рӯзи 8-уми феврали соли 2018, тахминан соати 21:00-дақиқа, ҳангоми дар шаҳри Душанбе бо автомашинаи шахсиаш тамғаи “Хонда-Серви” ҳаракат кардан, “Сайфулло, Маҳмадулло, Федя ва Фирдавс” ном шахсон ба автомашинааш савор шуда, ӯро ба самти кӯчаи Лӯчоби шаҳри Душанбе ба 3-юм ошёнаи хонаи истиқоматӣ бурда, дар он ҷо охиронро бе ягон асос лату кӯб карда, бо роҳи тамаъҷӯӣ аз ӯ 50000 рубли Федератсияи Россия талаб кардаанд.

Зимни доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия мардони 42, 37 ва 30-солаи сокинони шаҳри Ҳисор, ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ дастгир карда шуданд.
Барои муайян ва дастгир кардани дигар шарикони ҷинояти мазкур чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсия идома доранд.
Аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот давом дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin