• Home »
  • ХАБАР »
  • Кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ
Кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ

Кӯшиши ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ

Аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон пеши роҳи кӯшиши ғайриқонунӣ гузаштани сарҳади давлатии Тоҷикистон гирифта шуд. Зимни гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Қудусов Садам, соли таваллудаш 1992, сокини ноҳияи Мастчоҳ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ убур кардани сарҳади давлатӣ дастгир карда шуд. Муайян карда шуд, ки дастгиршуда бо мақсади ҷиҳод намудан барои шомил шудан ба ҳайати гурӯҳҳои “Толибон” ба ноҳияи Панҷ омада, мехост аз ҳудуди ноҳияи мазкур ғайриқонунӣ сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро убур намуда, ба қаламрави Ҷумҳурии Исломии Афғонистон гузарад. Нисбати далели мазкур парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin