• Home »
  • ХАБАР »
  • Кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Наврӯз

Кӯмак ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар арафаи Наврӯз

Ҳамасола дар арафаи иду ҷашнҳои мазҳабию миллӣ  Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сиёсати иҷтимоию ғамхоронаи худ ба табақаи ниёзманди ҷомеа, бахусус пиронсолону собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ кӯмакҳои моливу моддӣ мерасонанд. Имсол низ чун солҳои қаблӣ дар арафаи Иди байналмилалии Наврӯз иштирокчиёниҶанги Бузурги Ватанӣ ва собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ азғамхориҳои Президенти мамлакат бенасиб намонданд.

Тибқи дастуру роҳнамоиҳои Роҳбари давлат санаи 21-уми марти соли равон роњбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе ба аёдати собиқадорони ҷангу меҳнат рафта, аз номи Президенти кишвар ба онҳо кӯмакҳои ғизоӣ, аз қабили орд, равған, шакар, сабзавоту мева, ҳасиб, тухм ва маҳсулоти ширию қаннодӣ, биринҷу дигар анвои хӯрока кӯмак расониданд.

Чунин кори хайрро аз номи роҳбарияти давлат сардорони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ, ШВКД дар ноҳияи Шоҳмансур, ШВКД дар ноҳияи Фирдавсӣ, ШВКД дар ноҳияҳои Сино-1 ва Сино-2 амалӣ намуда, аз вазъи саломатӣ, шароити зист ва сатҳи рӯзгори собиқадорон дидан намуда, бо кӯмакҳои расонидашуда, табъи онҳоро шод гардониданд.

Ҳамин тариқ ба собиқадорони ҷангу меҳнат: Голиков Николай, Макеев Евгений, Гришин Федор, Гардиян Пётр, Сафаров Мадулло, Набиев Сияр, Қадамов Давлатшо, Шамсов Тоҷиддин ва дигар собиқадорони мақомоти корҳои дохилӣ кӯмак расонида шуд.

Собиқадорони ҷангу меҳнат низ аз чунин дастгирию ғамхориҳои Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ ва раёсати он дар шаҳри Душанбе изҳори миннатдорию хушнудӣ намуда, пайваста шукргузорӣ он ҳастанд, ки чунин Сарвари ғамхору пуштибон доранд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin