• Home »
  • ХАБАР »
  • Кӯмаки яквақта ба собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе

Кӯмаки яквақта ба собиқадорони РВКД дар шаҳри Душанбе

Санаи 25-уми июли соли ҷорӣ бо мақсади дастгирӣ ва ќадрдонї намудани хизмати собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ аз ҷониби роҳбарияти Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе тасмими хайрхоҳона сурат гирифт. Аз ҷумла ба чандин нафар аз собиқадорон ва оилаҳои кормандони ҳангоми адои вазифа фавтида ба миқдори муайян орду равған ва шакару қанди сафед тақсим карда шуд, ки анҷом додани ин амали хайр дар арафаи Иди Саиди Фитр аз ҷониби собиқадорони Вазорати корҳои дохилӣ, ки дар ҳудуди шаҳри Душанбе истиқомат мекунанд, хеле хуб пазироӣ гардид. Мавриди зикр аст, ки бар замми расонидани кӯмаки моддӣ, дар шакли маводҳои хӯрокворӣ ба нафақахӯрони ВКД боз ба миқдори муайян мукофоти пулӣ низ расонида шуд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin