Куштори посбон то бегоҳирӯзӣ ошкор гардид

Санаи 30-юми июли соли 2014 тахминан соати 06:00 дақиқа љасади шањрванд Исмоилов Рањим Каримович, соли таваллудаш 1959, истиќоматкунандаи кўчаи Хуљаамбиёи боло, хонаи №4/1 бо аломатњои марги маљбурї аз њуљраи посбонии ҶДММ «Азия-Тобако-Трейдинг» воќеъ дар кўчаи А.Мухторови ноњияи И. Сомонии шањри Душанбе дарёфт карда шуд, ки номбурда дар ин корхона ба њайси посбон фаъолият мекардааст. Њангоми гузаронидани чорабинињои фаврї-љустуљўйї бо изи гарм, яъне бегоњирўзии таърихи 30-юми июл шањрвандон Норов Фарух Каримович, соли таваллудаш 1987, Бўриев Давлат Рустамович, соли таваллудаш 1987, Бобољонов Субњон Раљабович, соли таваллудаш 1991, Нуров Бахтовар Искандарович, соли таваллудаш 1995, Боев Суњроб Икромович, соли таваллудаш 1985, истиќоматкунандагони ноњияи Рўдакї бо гумони даст доштан дар љинояти куштори мазкур аз тарафи кормандони РВКД дар шањри Душанбе муайян ва дастгир карда шуданд. Номбурдагон дар таърихи дар боло зикршуда бо маќсади ѓоратгарї вориди ЉДММ «Азия-Тобако-Трейдинг» гашта, посбони ин љамъиятро бо истифода аз чўбдаст ба њалокат мерасонанд. Айни замон нисбати номбурдагон дар Прокуратураи ноњияи И. Сомонї парвандаи љиноятї оѓоз гардида, тафтишот идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin