Куштори духтараки 6-сола аз ҷониби модараш

Куштори духтараки 6-сола аз ҷониби модараш

Санаи 30-юми июни соли 2014, тахминан соати 13:00-дақиқа, дар роҳрави назди бинои рақами 11-и кӯчаи Фединаи пойтахт ҷасади хурдсол Шарипова Мадина Латифовна, соли таваллудаш 2008, тарбиягирандаи Хонаи кӯдакони №2-и Раёсати тандурустии ш. Душанбе бо аломатҳои марги маҷбурӣ, сар аз тан ҷудо, дарёфт гардид. Ҳамагӣ баъд аз 20-дақиқаи содир шудани ҷинояти мазкур, аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Синои ш. Душанбе ҳамчун гумонбар дар содир намудани ин ҷиноят модари марҳум – Шарипова Зиёдагул Юсуфовна дастгир карда шуд.

Муайян карда шуд, ки шаҳрванд Шарипова Зиёдагул Юсуфовна, соли таваллудаш 1985, зодаи ноҳияи Ҳисор, шаҳраки Шарора, муваққатан истиқоматкунандаи ш. Душанбе буда, фарзанди ноболиғи худ Мадинаи 6-соларо аз Хонаи кӯдакони №2 бо навиштани дастхат тахминан соатҳои 10 ба 11-и санаи 3.06.2014с. бо худ бурда, бо истифода аз корди дар дасташ буда ӯро ба таври ваҳшиёна ба ҳалокат расонидааст. Сипас номбурда ҷасадро дар назди бинои рақами 11-и кӯчаи Федина гузошта, худ аз ҷои ҳодиса ғайб мезанад.
Нисбати ҳодисаи мазкур парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот дар ин самт идома дорад.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin