• Home »
  • ХАБАР »
  • Корхонаи воҳиди давлатии обу-гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭЦ) мавриди дуздӣ қарор гирифт

Корхонаи воҳиди давлатии обу-гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭЦ) мавриди дуздӣ қарор гирифт

Санаи 13-уми октябри соли 2014 ҳангоми гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ аз ҷониби кормандони Шуъбаи кофтукови ҷинойии Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гуруҳи муташаккили ҷиноятие, ки ба дуздии амвол дар ҳаҷми махсусан калон машғул буданд, дастгир гардиданд. Аз ҷумла шаҳрвандон Сафаров Муҳаммад Хуршедович, соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, Сафаров Бахтовар Маҳмадюсупович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, бо маслиҳати пешакӣ бо роҳи шикастани қулфи дари Корхонаи воҳиди давлатии обу-гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭЦ) вориди он гардида, сандуқи оҳанинро (сейфро) шикаста, аз дохила 24 ҳазор доллари ИМА-ро тасарруф мекунанд ва аз утоқи кории ин корхона 1-адад ноутбук (арзишаш-500 доллари ИМА) ва 1-адад телефони мобилиро (арзишаш 200-даллари ИМА) низ тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд. Ҳаҷми умумии зарари расонидашуда, 24 ҳазору 700 доллари ИМА-ро ташкил медиҳад. Бори дуввум номбурдагон ба гуруҳи худ нафари дигар, шаҳрванд Қурбонов Хуршед Файзалиевич, соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақро ҳамроҳ намуда, санаи 4-уми октябри соли 2014 аз ҳудуди Корхонаи воҳиди давлатии обу-гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭЦ) масолеҳи сохтмониро ба автомашинаи тамғаи «Зил» бор карда, қисми муайяни онро ба савдогарони бозори «Ҷал-ҷам» мефурӯшанд ва маблағи ба даст омада, яъне 37 ҳазору 572 сомониро ба манфиати шахсиашон сарф мекунанд. Аммо ба ин ҳам қонеъ нагашта, бори саввум шаҳрванд Сафаров Бахтовар Маҳмадюсупович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, бо маслиҳати пешакӣ бо Санҷар ном шаҳрванди Ҷумҳурии Мардумии Чин вориди корхонаи мазкур гардида, аз он ҷо таҷҳизотҳои соҳаи энергетикиро ба маблағи 38 ҳазору 250 сомонӣ дуздӣ менамоянд. Охирин маротиба шаҳрванд Сафаров Бахтовар Маҳмадюсупович, соли таваллудаш 1997, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, бо маслиҳати пешакӣ бо шаҳрванд Ҳусейнов Боймурод Сафарбекович, соли таваллудаш 1996, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, Маърупов Ҷамшед Саймирхонович, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ш. Душанбе, кӯчаи Шафақ, пинҳонӣ вориди Корхонаи воҳиди давлатии обу-гармидиҳии Душанбе-2 (ТЭЦ) гардида, аз он ҷо масолеҳи сохтмониро бо арзиши 18 ҳазору 700 сомонӣ ба яғмо мебаранд.  Ҳаҷми умумии зарари расонидаи ин гуруҳи ҷинойӣ ба корхонаи мазкур 94 ҳазору 522 сомонӣ ва 24 ҳазору 700 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.

 

                                                                                 Далер Нарзулло

             корманди гуруҳи матбуотии РВКД дар ш. Душанбе

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin