Ифтитоҳи биноҳои хизматӣ дар ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ

Ифтитоҳи биноҳои хизматӣ дар ШВКД-2 ноҳияи Фирдавсӣ

Имрӯз (11.05.с.2017), бо иштироки Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси ноҳияи Фирдавсӣ Ҷамшед Табарзода ва ҳайати шахсӣ дар шафати бинои асосии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бинои нав ва иншоотҳои иловагӣ ба истифода дода шуданд.

Бинои иловагии мазкур иборат аз ду ошёна буда, барои кормандони Бахши шиносномавию бақайдгирӣ, Шӯъбачаҳои ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва гурӯҳи кор бо ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ пешбинӣ гардидааст. Инчунин, дар бинои якошёнагии алоҳидаи ҳамшафати он кормандони Шуъбачаи кофтукови ҷиноятӣ, Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва ҷавонон, инчунин Шӯъбачаи бозрасии давлатии автомобилӣ соҳиби ҳуҷароҳои корӣ гардиданд.

Қайд кардан ба маврид аст, ки тамоми ҳуҷраҳои корӣ бо мизу курсӣ, ҷевонҳои ҳуҷҷатгузорӣ муҷаҳҳаз гардида, кормандони ин бахшҳо бо таҷҳизоти зарурии хизматӣ ва шароити маишӣ таъмин шудаанд.

Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода зимни шиносоӣ аз сатҳу сифати иншоотҳои бунёдгардида ва шароитҳои муҳайёгардида изҳори қанотмандӣ намуд.
Вазири корҳои дохилӣ ҳангоми вохӯрӣ бо масъулини Бахши шиносномавию бақайдгирӣ, ба онҳо барои боз ҳам ҷоннок намудани самти фаъолияти хизматӣ, муносибату муоширати хуб доштан бо аҳолӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Инчунин, мавсуф зимни боздид аз шароитҳои ҳуҷраҳои кории Бахши ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бо масъулин оид ба самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва вазъи минтақаҳои хизматии вобастабуда ҳамсӯҳбат гардида, қайд намуд, ки баҳри пешбурди фаъолият ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниву қонуншиканӣ мебояд ҳамкориҳоро бо аҳолӣ тақвият дода, ба мушкилоти онҳо сари вақт расидагӣ намоянд.

Дар идомаи чорабинӣ Вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зимни сӯҳбат бо роҳбарият ва ҳайати шахсии ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан ҳидоят намуда, ҷиҳати пурзӯр намудани фаъолияти хизматӣ дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ, пешгирии қонуншиканӣ, таъмини тартиботи ҷамъиятӣ ва амнияти шаҳрвандон як қатор дастуру супоришҳои иловагӣ дод.
Зикр гардид, ки дар ин ҷода, кормандони милитсияро зарур аст, бо мардум ҳамеша дар ҳамкории зич қарор дошта, баҳри пешрафту ободии диёр саҳми арзандаи худро гузоранд. Зеро яке аз самтҳои асосии ислоҳоти милитсия маҳз тақвият бахшидани ҳамкориҳо бо аҳолӣ маҳсуб меёбад.
Қайд гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати беҳбудгардонии шароитҳои хизматию иҷтимоии кормандони мақомоти корҳои дохилӣ таваҷҷуҳи хоса дошта, дар навбати худ кормандони милитсия бояд аз ҳарвақта бештар нисбати иҷрои вазифаҳои хизматӣ муносибати ҷиддӣ дошта, боварии мардум ва роҳбарияти давлатро сазовор гарданд.

Қобили зикр аст, ки ШВКД-2 дар ноҳияи Фирдавсӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми марти соли 2016 ҳамчун Шуъбаи алоҳида ба фаъолият шурӯъ намуда, ба минтақаи хизматрасонии он маҳаллаҳои «Маърифат», «Шодиёна», «Наврӯз», «Дарвоз», «Ғаллачабофак», «Ободкорон» ва дигар маҳаллаҳои ноҳияи Фирдавсӣ шомил мебошанд.

Илёсов Раљаббек, Солиҳов Хусрав, Шарафи Рањмон

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin