Дуздии молу ашё аз ҷониби бародар

Дуздии молу ашё аз ҷониби бародар

   Ба мақомоти корҳои дохилӣ зани 49-солаи сокини пойтахт дар он хусу муроҷиат  намудааст, ки 22-юми феврали соли 2018, тахминан соати 18:00-дақиқа, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз манзили истиқоматиаш 1-адад мошинаи ҷомашӯии тамғаи “Самсунг” ва ашёҳои рӯзгор, ки дар маҷмуъ маблағи пулии 3.800-сомониро ташкил медиҳанд дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. 

   Бо бурдани корҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони милитсияи пойтахт муайян карда шуд, ки дар содир намудани ҷинояти мазкур на шахси бегона, балки бародараш ҷавони 41-солаи сокини шаҳри Душанбе, ки пеш бо моддаҳои 138 ва 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, гумонбар дониста мешавад.

   Айни замон гумонбаршуда дар ҳабси пешакӣ қарор дошта, нисбаташ бо моддаи 244-Коддекси ҷиноятии Ҷумҳӯрии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шудааст.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin