Дуздии гуруҳӣ ошкор гардид

Дар натиҷаи гузаронидани чораҳои фаврӣ-ҷустуҷӯйӣ шањрвандон Ҳакимов Ҷањонгир Сатторович, соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе кӯчаи Деҳотӣ ва Акобиров Рустам Акбарович, соли таваллудаш 1998, зодаи ноҳияи Восеъ, деҳаи Бобои Миралӣмуваққатанистиқоматкунандаи шаҳри Душанбе аз тарафи кормандони Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар н. И.сомонӣдастгир гардиданд, ки номбурдагон чанд муддат дар њудуди Наврӯзгоҳи Пойтахт аз дохили автомашинаҳо маблағ ва дигар ашёҳои арзишмандро медуздидаанд. Ба гунаи мисол дар таърихи 14-уми августи соли 2014 дастгиршудагон Ҳакимов Ҷ.С. ва Акобиров Р.А. пинҳонӣ дохили автомашинаи тамѓаи «Опел-Вектра» гашта, аз он ҷо 3000 сомонӣ пули нақд, 1 адад телфони мобилӣ ва 1 адад флешкартаро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд. Илова бар ин санаи 22-юми августи соли 2014 дастгиршудагон Ҳакимов Ҷ.С. ва Акобиров Р.А. бо роҳи пинҳонӣ вориди автомашинаи тамѓаи «Мерседес» гашта, аз он ҷо 800 доллари ИМА пули нақд, 1 адад телфони мобилии тамғаи «Нокиа» ва 1 адад флешкартаро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб мезананд.

Шарҳ диҳед...
Share on Facebook
Facebook
Share on Google+
Google+
Tweet about this on Twitter
Twitter
Share on LinkedIn
Linkedin